Раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба иттилои омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантону докторантон мерасонад, ки санаи 25.04.2022 даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии"Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар толори фарҳангии муассиса оғоз мегардад.
Омӯзгорони арҷманд, донишҷӯёни азиз ва муҳаққиқони ҷавон ба гуфте имрӯз "майдон аз далер аст" ва мо низ аз ҳар кадоми шумо хоҳиш менамоем, ки дар даври аввали ин озмуни бонуфуз иштирок кунед.
Хоҳишмандон метавонанд барои ширкат дар озмун ба садоратҳои факултетҳо ва шуъбаи тарбия муроҷиат кунанд.