ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Бунгоҳи тиббӣ

Бунгоҳи тиббии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  соли 2007 ташкил карда шудааст. Дар бунгоҳ ду нафар фаъолият мекунанд, мудир ва ҳамшираи тиббӣ.

Мақсаду вазифаи асосии мутахассисони бунгоҳи тиббӣ расонидани ёрии нахустини тиббӣ ва додани маслиҳату тавсия ба кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ мебошад. 

Илова бар ин, мутахассисони бунгоҳ чунин чорабиниҳоро ҳам амалӣ менамоянд:

1. Лексияҳо – семинарҳо оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ ба донишҷӯёни донишкада ( ҳар моҳ як маротиба ).

2. Бурдани корҳои санитарӣ - гигиенӣ дар аудиторияҳо, ошхонаи донишкада ва нуқтаҳои тезтаёри донишгоҳ.

3. Ҳар сол як маротиба гузаронидани муоинаи тиббии донишҷӯёни курсҳои як ва ба қайди амбулаторӣ гирифтани донишҷӯёни бемор.

4. Ҳар сол як маротиба оид ба дарёфт ва пешгирии бемориҳои сироятӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронидани кормандон ва омӯзгорони донишгоҳ.