ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Докторантура 

 Докторантура аз рӯи ихтисос PHD

 Докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар муассисаҳои олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотие таъсис дода мешавад, ки аз рӯи самт ва ихтисоси докторантураи таъсисдодашаванда аз рӯи ихтисос такягоҳи таълимӣ, илмӣ ва кадрии мувофиқ доранд.

 Докторантура аз рӯи ихтисос бо пешниҳоди муассисаҳои таълимӣ ё илмӣ дар мувофиқа бо муассис аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Мақсади таъсис додани докторантура аз рӯи ихтисос иборат аст:

 -дар асоси ҳамгироии таҳсилот ва илм ташкил намудани низоми самараноки тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмию педагогии тахассуси олӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмиллалӣ, ҳамчунин  ҳалли саривақтии масъалаҳои таъминоти илмӣ, методӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ, кадрӣ ва моддию техникии онҳо;

 - амалӣ намудани ҷараёни таҳсилот мутобиқи принсипҳои таҷрибаи байналмиллалии тайёр кардани кадрҳои илмию педагогии тахассуси олии дар бозори меҳнат рақобатпазир. Бо ин мақсад докторантҳо аз рӯи ихтисос аз курсҳои таҳсилоти назариявӣ мегузаранд ва мустақилона таҳқиқоти илмиро амалӣ менамоянд, ки хусусияти мубрам, навоварӣ ва аҳамияти амалӣ доранд.

 Айни замон дар шуъбаи ОКИИП-и донишкада 37 нафар докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) таҳсил менамояд. Таҳсил дар зинаи докторантура аз рӯйи 5 ихтисос ба роҳ монда шудааст.

 

Номгӯи ихтисосҳо

Докторантони

курси 1

Докторантони

курси 2

Докторантони

курси 3

1

Ихтисоси 6D021300 –Забоншиносӣ

5

6

3

2

Ихтисоси 6D011800 –Забон ва адабиёти рус

2

-

-

3

Ихтисоси 6D011700 –Забон ва адабиёти тоҷик

5

1

1

4

Ихтисоси 6D020500 –Филология

5

4

1

5

Ихтисоси 6D011900 –Назария ва методикаи таълими ду забони хориҷӣ

2

1

1

ҷамъ: 37

19

12

6