Осорхонаи Донишгоҳ - яке аз воҳидҳои сохтории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷииТоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буда, бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ моҳи сентябри соли 2016 таъсис дода шудааст.
Ҳадаф:
Инъикоси таърихи муассиса, дастовардҳои донишгоҳ ва муаррифии маҳсули илмии олимони донишгоҳ.
Мақсад ва вазифаҳои осорхона ҷамъоварӣ, нигоҳдории бозёфт, бақайдгирии ҳуҷҷатҳо, коллексиякунонӣ, ҳифз ва истифодаи дурусти мавод, ташкил ва такмили фонди осорхонавӣ, таҳияи барномаҳои соҳавӣ, ба намоиш гузоштани ёдгориҳои таърихию фарҳангии донишгоҳ ва зерсохторҳои он мебошад.
Баҳри расидан ба ин мақсад осорхона вазифаҳои зеринро амалӣ мекунад:
- тарғибу ташвиқи фонди осорхона, ҷалби устодону кормандон ва донишҷӯён ҷиҳати ҷамъоварии мероси таърихӣ-фарҳангӣ, илмии марбут ба тахассуси факултетҳои донишгоҳ ва маводи дорои арзиши миллӣ ва умумибашарӣ;
- дар ҳамкорӣ бо устодони кафедраи таърих ва назарияи иқтисоди донишгоҳ ҷамъоварии ёдгориҳо тавассути ташкили ҳафриёт, экспедитсияҳои мардумшиносӣ, ҷамъоварӣ, тибқи муқаррарот ба роҳ мондани хариди ёдгориҳо, ҳамчун туҳфа қабул кардани ёдгориҳои марбут ба соҳаи маориф ва фарҳанг;
- таҳқиқи ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои осорхонавӣ;
- ҳифз ва истифодаи дурусти ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои осорхонавӣ тибқи муқаррарот;
- пешкаши тамошобинон, меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯён гардонидани фонди Осорхона дар шакли экспозитсия, намоишҳои сайёру муваққатӣ, маводи чопӣ ва аудиовизалӣ;
- ҳамкории шарномавӣ бо ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ;
- ташкили сафарҳои хизматӣ бо мақсади корҳои таҳқиқотӣ, омӯзишӣ, ҳамкорӣ дар асоси шартномаи тарафайн, ва расонидани ёрии методӣ бо дигар осорхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- бо ҷалби мутахассисони соҳа ташкил ва гузаронидани конференсия, семинар, симпозиумҳо;
- таҳияи феҳристҳо, буклетҳо, албомҳо роҳнамоҳо ҷиҳати тариби маводи Осорхона;
- барои мукаммал намудани донишҳои тахассусии донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо факултетҳои донишгоҳ ташкил кардани суҳбат-лексияҳо;
- омода кардани баста (пакет)-и иттилоотӣ оид ба фаъолияти кории собиқ устодони факултетҳо, устодони соҳибтаҷриба, ки ҳоло низ ба фаъолияти таълимӣ-илмӣ машғул мебошанд, инчунин хатмкардагони донишгоҳ, ки имрӯз дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият доранд.