ТОҶ  /  РУС  /  ENG

САРАЗМ ГАҲВОРАИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН

Саразм яке аз ёдгориҳои қадимаи давраи энеолит ва асри биринҷии Осиёи Марказӣ мебошад. Энеолит, ин давраи гузариш аз неолит ба аҳди биринҷӣ буда дар он олоти аввалини мисӣ пайдо шуда бошад ҳам, олоти меҳнат, асосан аз санг буд. Ин давраи ривоҷи соҳаҳои иқтисодиёти истеҳсолӣ, чун кишоварзӣ, чорводорӣ ва истеҳсоли мис маҳсуб меёбад. Ин табаддулот, асосан дар навоҳии аҳолиаш муқимӣ ва кишоварз, на дар даштҳо, ки бошандагони он кӯчиёни чорводор буданд, мегузашт. Ана ҳамин марҳала дар ёдгории Саразм (15 км ғарбтар аз шаҳри Панҷекат) бараъло мушоҳида карда мешавад. Масоҳати ин ёдгорӣ 130 гектарро ташкил медиҳад. Ёдгорӣ аз тарафи А.И. Исҳоқов (1977-1996) кашф ва омӯхта шудааст. Аз соли 1983 ин ҷониб дар Саразм экспедитсияи муштараки Тоҷикистону Франсия таҳқиқот мебарад. Санаҳои таърихии он аз рӯи ҳисоби  радиокарбонӣ давраҳои Саразм I 3500-3200, Саразм II 3200-2900, Саразм III 2900-2700, Саразм IV  2700-2000-и то милод муайян шудааст.

  Ба давраи аз ҳама қадими ёдгорӣ, гӯрхонаи дорои 5 қабр тааллуқ дорад, ки дар дохили девори ҳалқашакл ҷойгир буд. Қабри марказӣ, ки бо номи «Маликаи Саразм» шӯҳрат дорад, хеле ҷолиб мебошад. Дар он зани боломақом ва ба ҳамроҳии ӯ мард ва навҷавон гӯр карда шудаанд. Либосҳои ин зан бо муҳраҳои аз фирӯза, лоҷувард, ақик, яшм ва оҳаксанг сохта шуда. каллапӯшаш бо мўҳраҳои нуқра  ва  49-мӯҳраи тиллоӣ оро дода шуда буд. Дар ҳарду дасташ яктоӣ бозубанд мавҷуд буд, ки аз устохони гӯшмоҳии баҳрӣ сохта шудааст. Ба ҷуз ин, бо ҳамроҳии ин зан ашёҳои гуногун, мисли оинаи миссии дастадор, дарафши устухонӣ, 5-дона ороиши сангини сӯзанак ва ду ҳайкалчаи гилини зан дафн карда шуда буд. Мумкин аст дар давраи пайдоиши шаҳри Саразм занҳо дар ҳаёти ҷомеа мақоми баланд доштаанд. Аз охири ҳазорсолаи 4-ми то милод сар карда шаҳри Саразм  яке аз марказҳои бузурги истеҳсоли фулузот ҳисоб мешуд. Ба ин боигариҳои кӯҳҳои болооби Зарафшон, ки аз маъданҳои мис, нуқра, қўрғошим, қалъагӣ ва ғайра бой буданд, мусоидат намудааст. Дар вақти ковишҳо аз ин ҷо асбобҳои маъдангудозӣ ва қолабҳо барои рехтани олоту силоҳ дарёфт шудааст.  Оташдони дуқабатаи  сафолпазӣ аз пешравии соҳаи кулолӣ дарак медиҳад. Сохти махсуси ин оташдон, ки куллолони саразмӣ дар аввали ҳазорсолаи 3 пеш аз милод сохтаанд дар ҳудуди Осиёи Марказии ҳамон давра  вонамехӯрад. Ин сохти оташдон дар дигар ҷойҳо фақат баъди ду ҳазор сол пайдо мешавад. Услуби нақшу нигори рӯи сафоли зарфҳои Саразм ба услуби ҷанубу шарқии Туркманистон ва Балуҷистону Систон алоқамандӣ дорад. Ашёҳои аз санг буридашуда ва санъати заргарӣ ниҳоят ҷолибанд. Маҳорати санъати тасвирӣ дар деворнигораҳо муаррифӣ шудаанд. Мавзӯи тасвироти деворнигораҳо низ, чун дар сафол ҳандасии суннатианд: чалипо, сегўшаҳо, ва хатҳои муттавозӣ. Дар қатори биноҳои манзилӣ ва хоҷаги биноҳои маросимӣ бо оташгоҳҳо деворнигораҳо деворҳои рангандудашуда ва дигар ҷузъиёти маросимӣ дарёфт шудааст. Дар маркази оташгоҳҳо чуқуриҳои амиқ барои афрохтани оташи муқаддас мавҷуд аст. Бозёфтҳои бостонии  ду  қабати қадим аз алоқаҳои маданӣ ва тиҷоратии Саразм бо ҳудудҳои ҳозираи Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Эрон шаҳодат медиҳанд. Ду давраи оянда солҳои 2900-2700 ва 2700-2000 ба аҳди биринҷӣ мансуб мебошанд.