ТАНТАНАИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШКАДАИ ЗАБОНҲО
Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 4-уми октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии донишкадавӣ таҳти унвони “Забон-ҷавҳари ҳастии миллат” баргузор гардид, ки дар он ректор, профессор Жило Гулназарзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Саодатшо Матробиён ширкат ва суханронӣ карданд.
Ректори Донишкада, профессор Жило Гулназарзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуда, аз дастгириву ибтикороти беназари Ҳукумати кишвар, хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гиромидошт ва таҳқиқу муаррифии забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ сухан гуфт.
- Барои камоли миллат, давлат ва забон халқ ба Пешво ва давлатдори ҳомию пуштибон ниёз дорад, то ки бо пиндор, рафтор ва гуфтори хеш зимоми давлатдории миллӣ ва мустақилро ташкил намуда, пояҳои онро мустаҳкам намояд ва миллат, давлат ва забони хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад, зеро “халқ бо фарзанди оламгир оламгир шавад”. Хушбахтона, бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон истиқлоли комили сартосарӣ ба даст омаду забони тоҷикӣ ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардид,- чунин изҳор дошт ректор Ж.Гулназарзода.
Баъдан, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода баромад намуда, иброз дошт, ки: “Забони адабии тоҷикӣ маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориву пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз муҳити хонавода ва муҳовараю муоширати маҳдуд берун омад. Имрӯз садои забони дарии тоҷикӣ дар тамоми ақсои олам танинандоз аст ва ба ҳайси як забони давлатӣ қудрату тавоноии худро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, илмиву маърифатӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҷилва овард.”
Зикр шуд, ки маҳз, ба шарофати суханрониҳои фасеҳу гуворои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон доманаи корбурди сиёсии забони тоҷикӣ фарох гардида, зарфиятҳои он дар ифодаи муҳимтарин матлабҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ба кор даромаданд.
Ҳамчунин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Саодатшо Матробиён дар мавзуи “Пешвои миллат – ҳомии забони миллат” маърузаи пурмуҳтавои илмиеро пешниҳоди ҳозирин кард.
Дар идома китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” – и Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ ба тозагӣ тарҷума гардид, рӯнамоӣ шуд.
Инчунин, аз ҷониби бахши фарҳанг ва донишҷӯёни фаъолу соҳибистеъдоди Донишкада чорабинии хотирмони фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.