ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Китобхона

Китобхона барои пешрафт ва рушди малакаи донишандӯзии омӯзгорон ва донишҷуён саҳми арзанда дорад.

Китобхонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 1980 баробари таъсисёбии донишкада фаъолияти худро оғоз намудааст. 

Китобхонаи донишкада дар 4 шуъба: шуъбаи хизматрасонӣ,  толори хониш,  фонди «Китобҳои нодир» ва китобхонаи электронӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, барои дастраснамоии адабиёти таълимӣ, дастурҳои методӣ, илмӣ  ва бадеӣ  ба устодону донишчӯёни Донишкада кумаки амалии худро мерасонад.

Фонди умумии китобхонаи анъанавӣ 87,548 нусха, аз ҷумла адабиёти таълимӣ- тахассусӣ 47878  нусха, адабиёти бадеӣ 32508  нусха, адабиёти сиёсӣ 669 нусха ва адабиёти методӣ 2226 нусха, дастурҳои таълимӣ 4267 нусхаро ташкил медиҳад, ки  аз ин бо забони тоҷикӣ 3594, забони русӣ 77353 ва бо забонҳои дигар 6601 нусха  иборат аст. 


Китобхонаи электронӣ

Фонди  умумии китобхонаи электронӣ аз 20277 нусха маводи электронӣ, аз ҷумла 11565 нусха адабиёти таълимӣ ва 8712 нусха адабиёти бадеӣ, 156  диск, 313 фитта бо забони чинӣ ва 2 диск  видео -дарс иборат аст. Китобхонаи электронӣ дорои 42 компютер буда, барои дастрасии маводи иттилоотӣ ба интернет пайваст аст, ки муштариён барои дастраснамоии маводи зарурӣ имконият дошта бошанд. Дар китобхонаи электронӣ маводи лексионӣ, силлабусҳо ва барномаҳои таълимии устодони донишкада ҷой дода шудаанд, ки донишҷӯён метавонанд бемамониат аз онҳо истифода баранд.

Ҳамчунин, ҳайати кормандони китобхона тибқи нақша чорабиниҳо дар давоми соли таҳсил  бахшида ба санаҳои муҳими таърихию фарҳангӣ силсилаи чорабиниҳои гуногунро аз қабили Соли нави мелодӣ, рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, ҷашни Наврӯз, иди Ғалаба, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи китоб, Рӯзи забони давлатӣ, Парчами миллӣ, рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраро баргузор менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки китобхонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз соли 2005 то ҳол  узви вобастаи Ассотсиятсияи китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад. 

Мақсади  асосии  китобхонаи  электронӣ:

- маркази ҷоринамоии таҷрибаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва паҳнкунии онҳо;

- ёрии консултативӣ дар ташкили хизматрасонии иттилоотӣ-библиографӣ;

 - ташкили феҳристи пурраи электронӣ ба нусхаҳои дар китобхона мавҷудбуда;

- бароҳмонии  хизматрасонии компютерӣ дар ҳамаи шуъбаҳои китобхона;

- ташаккули бонки иттилоотӣ оид ба ҳуҷҷатҳои китобхона;

-  бароҳмонии обуна ба низоми электронии китобхонавӣ;

- зиёднамоии шумораи ҷойҳои автоматиконидашуда барои истифодабарандагон;

- васеънамоии ҷойҳои нигоҳдории китоб ва толори хониш;

-  ташкили шароити мусоид барои хонандагони  китобхона.