Таҳсилот: олӣ
Ихтисос аз рӯйи диплом: таъминоти забонии фаъолияти ҳуқуқӣ (ҳуқуқшиносӣ, забони тоҷикӣ ва забони русӣ)
Тахассус (касб): рӯзноманигор
Собиқаи умумии корӣ: 4 сол
Собиқаи корӣ аз рӯйи ихтисос: 4 сол
Рақами телефони корӣ: +992 (37) 2373084, 934455656
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода рӯзномаи донишгоҳӣ бо номи «Паёми донишҷӯ» интишор мешавад. Он соли 2011 таъсис ёфтааст.
Нашрияи «Паёми донишҷӯ» тарғибгари ғояҳои пешқадам дар кори таълиму тарбияи тарҷумонҳо ва омӯзгорони ҷавон ба шумор рафта, донишҷӯёнро дар рӯҳияи инсонпарварию ватандӯстӣ, меҳнатдӯстиву поквиҷдонӣ тарбия мекунад.
Солҳои охир нашрияи «Паёми донишҷӯ» ба комёбиҳои назаррас ва чашмгир ноил гашта, сифат, муҳтаво, ороиш, чоп ва паҳнкунӣ, ки ҳама дар маҷмуъ ба хотири фаъолияти боз ҳам беҳтару бештар равона шудаанд, дар сатҳи комилан нав пешкаши хонандагон гардид.
Раёсати донишкада зарурати тақвияти фаъолияти рӯзномаро саривақт ва дуруст пай бурда, барои боз ҳам пурсамар шудани он шароити мувофиқро муҳайё кардааст. Ҳоло рӯзнома моҳе як маротиба бо сифату муҳтавои баланду хонданӣ нашр мешавад, ки дар самти тарғибу ташвиқи ғояҳои созанда муваффақияти калон аст.
Айни ҳол иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири нашрияи «Паёми донишҷӯ» -ро Маҳкамов Дороҷон Суҳробҷонович ба уҳда доранд.