ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Маркази тестӣ

 

Раҷабов Фаррух Маъруфович
Вазифа: сардори маркази тестӣ
Рақами телефони корӣ: (+992 37) 237 30 84
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Маркази тестии донишкада бо Қарори Шӯрои олимон аз 30 ноябри соли 2017 №5/4-3 бо фарогирии ду воҳиди корӣ – сардори марказ ва мутахассис таъсис дода шудааст. Маркази тестӣ мувофиқи сохтори донишкада дар тобеияти раёсати таълим мебошад. Бояд қайд намоем, ки дар вақти имтиҳонҳои фосилавӣ ва ниҳоӣ китобхонаи электронии донишгоҳ бо 50 – адад ва 3 синфхонаи компютерии воқеъ дар бинои таълимии ошёнаи 1 ва 3 бо 112 – адад компютер истифода бурда мешаванд. Дар умум 162 – адад компютер имтиҳонҳоро қабул менамоем. Дар Маркази тестии донишкада махзани саволномаҳои тестӣ аз ҳамаи фанҳои таълимӣ ба миқдори на камтар аз 200 саволнома ва тестҳои гуногун ташкил карда шудааст.

Дар донишкада шаклҳои гуногуни тестҳо дар як саволнома татбиқ карда шуда, истифодаи хаттӣ ва электронии онҳо бо технологияи иттилоотию иртиботӣ дар раванди таълим ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ роҳандозӣ карда шуданд. Маркази тестӣ дар сомонаи донишкада саҳифаи электронӣ ташкил намуда, дар он маҷмӯи супоришҳои тестӣ, шаклҳои гуногуни тестҳо дар як саволнома, маводи дастурӣ ва методӣ барои гузаронидани имтиҳонҳоро ҷойгир кардааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маркази тестӣ ва дастурамалҳои мансабии кормандони маркази мазкур ба Низомномаи низоми кредитии таҳсилот, Низомномаи факултет, Низомномаи кафедра, Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуданд. Қоидаҳои умумии низоми холдиҳӣ-рейтингӣ ва низомномаи баҳодиҳӣ ба дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар раванди таълим ва низоми назорату баҳодиҳӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. 

Сардори Маркази тестӣ Раҷабов Фаррух Маъруфович ва мутахасиси маркази тестӣ Фаридун Саидмукарамзод Саидаҳмади мебошанд.