Бахши таҷрибаомузӣ ва карера аз соли 2008 то 2011 дар тобеияти шуъбаи таълими Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон баноми Сотим Улуғзода фаъолият намуд. Аз соли 2011 бахши алоҳида таъсис дода шуд, ки он дар тобеияти Раёсати таълими донишкада буда, бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера номгузорӣ шуд. Бахши мазкур аз ду корманд – сардор ва мутахассиси пешбар иборат мебошад. Бахши номбурда дорои Низомнома буда, тибқи он фаъолият менамояд.
Ҳоло бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон номгузорӣ шуда, бо шуъбаи маорифи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Синои шаҳри Душанбе ва дигар шуъбаҳои маорифҳо шартномаҳои ҳамкории тарафайнро ба имзо расонидааст. Донишҷӯёни факултети забонҳои романию германӣ, филологияи тоҷик, филологияи руси Донишкада таҷрибаомӯзии таълимӣ ва омӯзгориашонро дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи Синои Шаҳри Душанбе мегузаронанд. Вазифаи бахш аз сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии омӯзгорию- тарҷумонӣ ва назорат бурдан аз болои ба ҷои кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавони Донишкада мебошад. Аз тарафи бахш Низомномаҳои таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ таҳия гардида бо қарори Шурои олимон тасдиқ шудааст. Инчунин, дастур ва барномаҳои методии таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ коркард шудаанд, ки аз онҳо устодону таҷрибаомӯзон ба таври васеъ истифода мебаранд.
Номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯ
1. Рӯзнома (бо муҳру имзои раёсати таълим ва садорати факултет)
2. Роҳхат аз шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва карера
3. Барномаи кори таҷрибаомӯзӣ аз рӯи ихтисос
4. Тавсифнома аз муассисаеки донишҷӯ дар он таҷрибаомӯзӣ гузаштааст
5. Ҳисоботи таҷрибаомӯзӣ
Номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯ
1. Рӯзнома (бо муҳру имзои раёсати таълим ва садорати факултет)
2. Нақшаи тақвимӣ
3. Нақшаи кори тарбиявӣ
4. Нақша-конспекти дарси тарбиявӣ
5. Нақша- конспекти дарси яксоата
6. Дафтари таҳлили машғулиятҳои дарсӣ
7. Тавсифномаи психологӣ-педагогӣ барои як хонанда ва ё гурӯҳи синф
8. Воситаҳои аёнӣ
9. Тавсифномаи роҳбарияти мактаб ба фаъолияти омӯзгории таҷрибаомӯз
10. Ҳисобот
Ҳадаф:
-Банақшагирӣ ва ташкили корҳои илмию методӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯёни донишкада вобаста ба соҳаҳои ихтисосие, ки донишкада омода мекунад.
- Санҷиши нақшаҳои таълимӣ дар ҳама ихтисосҳо (навъи таҷрибаомӯзӣ, андоза ва муҳлати таҷрибаомӯзӣ) дар мавриди мувофиқ будан ё набуданашон ба талаботи стандартҳои давлатии таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ.
- Ташкил ва гузаронидани семинарҳои дастуриву методӣ бо роҳбарони таҷрибаомӯзӣ оид ба масъалаҳои банақшагирӣ ва ташкили таҷрибаомӯзӣ.
- Омода намудани васоити таълимию методӣ, дастурамалҳо, дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба таҷрибаомӯзии донишҷӯёни донишкада.
- Ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯёни донишкада ва назорат аз болои ин чорабинӣ дар ҳама сохторҳои донишкада.
- Омода намудани шартномаҳо бо корхонаҳо ва муассисаҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли моликияташон.
- Ҷамъоварии мунтазами мавод оид ба корхонаву муассисаҳое, ки бо донишкада дар масъалаи таҷрибаомӯзӣ ҳамкорӣ мекунанд.
- Ҳамоҳанг сохтани фаъолияти роҳбарони таҷрибаомӯзӣ дар ҳама факултаҳои Донишгоҳ.
- Ташкил ва гузаронидани конфронсҳои ҷамъбастӣ аз рӯи натиҷаҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳ.
- Иштирок дар кори кафедраҳо ва факултаҳо аз рӯи масъалаҳое, ки ба таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳ дахл доранд.
- Омода намудани пешниҳодот оид ба такмил додани банақшагирӣ ва ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳ.
Номгӯйи созишномаҳое, ки ҷиҳати гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯён бо Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба имзо расонида шудааст.
1. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Осорхонаи Миллии Тоҷикистон
4. Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ
5. Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ
6. Шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур
7. Шуъбаи маорифи ноҳияи Сино
8. Шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат
9. Шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор
10. Шуъбаи маорифи ноҳияи Рудакӣ
11. Шуъбаи маорифи ноҳияи Турсунзода
12. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 93
13. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 86
14. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 82
15. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 89
16. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 84
17. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 94
18. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32
19. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25
20. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43
21. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54
22. МТД Гимназияи №1
23. МТД №2 литсейи №2 шаҳри Душанбе
24. Агентии милли иттилооти Тоҷикистон «Ховар»
25. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
26. Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ
27. Гимназияи «Кафолат»
28. Мактаби байналмилалии Президентӣ
Бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера -таъмини муассисахои таълимӣ бо кадрхои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асоси ва мухим дар соҳаи маориф маҳсуб гардида, он ба раванди бомаром ва бомуваффақи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқаи зич дорад.
Раёсати Донишгоҳ ҳалли масъалаи мазкурро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, корро дар ин самт сол то сол вусъати тоза мебахшад.