Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолияти худро дар сохтори раёсат илм ва инноватсияи Донишгоҳ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода”, фармоишҳои ректори Донишгоҳ, супоришҳои муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мемонад.
Мақсад ва вазифаҳои шуъба
Мақсади асосии фаъолияти шуъба ташкил, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии чорабиниҳо оид ба омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии дараҷаи олӣ дар Донишгоҳ мувофиқи талаботҳои амалкунанда мебошад. Иловатан ба мақсадҳои зикршуда, шуъба масъалаҳои зеринро ҳал мекунад:
1. Коркард ва таъмини фаъолияти ташкилӣ-методӣ ва меъёрии ҳуқуқии зерсохторҳои Донишгоҳ оид ба масъалаҳои омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии дараҷаи олӣ дар низоми баъдидипломии таҳсилоти касбӣ;
2. Банқшагирӣ ва ташкили омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
3. Таъминоти ташкилӣ-методӣ ва иттилоотии омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
4. Ҳамоҳангсозии таълимӣ-илмии омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва назорат аз болои иҷрои нақшаҳои инфиродии омодакунии онҳо;
5. Ҳамкорӣ бо дигар зерсохторҳои Донишгоҳ ва шуроҳои диссертатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ.
Дар пояи шуъбаи мазкур зинаҳои аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ва магистратура фаъолият менамояд.
1. ДОКТОРАНДУДА АЗ РӮЙИ ИХТИСОС PHD.......