ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Шуъбаи тарбия

Шуъбаи тарбияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба маориф, ҷавонону занон, Консепсияи миллии тарбия, Оинномаи Донишгоҳ, низомномаи шуъба ба роҳ мондааст. 

Ҳадаф ва вазифаҳои шуъба аз баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, хештаншиносию худогоҳӣ, ватанпарастию миллатдӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи бою пурғановати халқи тоҷик, муҳим аз ҳама, тарғиби ҷавонон ба пайравӣ кардан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат мебошад.

То соли 2017 шуъба бо номи “шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон” фаъолият мекард ва баъд аз эълон гаштани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” шуъбаҳои тарбия ва кор бо ҷавонон дар алоҳидагӣ ташкил ёфтанд. Шуъбаи тарбия дар самти кор бо донишҷӯёни тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, кор бо бонувон, кор бо ҷавонон, кор бо донишҷӯёни ятими кул ва нимятим, инчунин, ниёзманд, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби донишҷӯён, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, варзишӣ ва ғайра дар донишкада ва берун аз он корҳои амалиро ба анҷом мерасонад. 

Дар назди шуъба маҳфили тарҷумонҳои ҷавон амал мекунад, ки ба тарҷума машғул буда, асарҳои хурд ва калонҳаҷмро аз забони англисӣ ба тоҷикӣ ва баръакс баргардон менамоянд.

Ҳамасола шуъбаи тарбия бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани чорабиниҳои муҳими миллию давлатӣ, санаҳои таърихиву сиёсӣ ва идҳои миллӣ тадбирҳои судманду саривақтӣ андешида, бо ҷалби доираи васеи ҳайати профессорону устодон, кормандону донишҷӯёни Донишгоҳ татбиқ намудани онҳоро роҳандозӣ менамояд. 

Шуъбаи тарбия саъю кӯшиш дорад, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои худ тамоми масъалаҳои марбут ба тарбияи ҷавононро дар сатҳи олӣ ташкил намуда, бо баргузории конференсияву мизҳои мудаввар, нишастҳои маърифатию машваратӣ, аксияҳову озмунҳо ҳаёти донишҷӯии ҷавононро рангин намояд.