ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ

Шуъбаи бакайдгирӣ ва машварати академӣ ҳамчун воҳиди сохтори Донишгоҳ  фаъолияти донишҷўёнро дар низоми кредитии таҳсилот ба қайд мегирад ва натиҷаҳои дастовардҳои онҳоро дар чорабинӣ тавсия, барои таҳлил ва баррасӣ ба деканати факултет пешниҳод менамояд.

Фаъолияти шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ иборат аст, аз:

омода намудани намунаҳо (шаклҳо)-и гуногуни ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии донишҷӯён ва омўзгорон мувофиқи нақшаҳои корӣ ва фардии таълимӣ;

ташкили бақайдгирии ҳамасола ва рамзгузории донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ, инчунин омӯзгорони дарсдиҳанда бо кумаки эдвайзерҳо;

таҳия ва назорати риояи тақвими академӣ;

пешниҳоди машваратҳо ба донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳ доир ба низоми кредитии таҳсилот ва дигар масъалаҳое, ки вобаста ба фаъолияти донишҷӯён ва омӯзгорон алокаманд мебошанд;

ташкил ва назорати татбиқи низоми холдиҳӣ-рейтингӣ дар ҷараёни таълим ва сессияҳои имтиҳонӣ;

назорати раванди имтиҳони ҷорӣ, фосилавӣ ва ҷамъбастӣ;

таъмини донишҷӯён бо ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрӣ-ҳуқуқӣ;

омодасозии варақаҳои шахсии таълимии донишҷӯён;

ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳони фосилавӣ ва ҷамъбастӣ, муайян намудани рейтинги донишҷӯён ва пешниҳоди онҳо ба декани факултетҳо ҷамъбасти ҳар як давраи академӣ ва муайян намудани баҳои миёна (GPA)-и соҳибгаштаи ҳар як донишҷӯ, инчунин мувофиқати он ба меъёри муқарраршуда;

ба деканати факултетҳо ва сардори раёсати таълим барои таҳлил ва арзёбӣ пешниҳод намудани рӯйхати донишҷӯёне, ки аз фанҳои алоҳида баҳои F ва Ғх гирифтанд ё GPA-и онҳо аз меъёри муқарраршуда паст мебошад;

тартибдиҳӣ ва ба расмият даровардани транскрипт (маълумотномаи академӣ, замимаи диплом) барои ҳар як донишҷӯ;

ба расмиятдарории нақшаҳои таълимии фардии донишҷӯён ва ворид намудани тағийрот ба онҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда;

омодасозии пешниҳод оид ба роҳ додани донишҷӯён ба сессияи имтиҳонӣ дар асоси натиҷаҳои санҷишҳои рейтингӣ;

омодасозии пешниҳод ҷиҳати аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯён дар асоси натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ ва сатҳи (GPA)- и онҳо; 

ташкили кор оид ба бойгонии ҳуҷҷатҳои таълимии донишҷӯён;

шуъбаи бакайдгирӣ ва машварати академӣ вобаста ба ҷойгиршавии факултетҳо метавонад ба таври мутамарказ ҳамчун сохтори таркибии қисми таълим таъсис дода шавад.

ҳайати кормандони шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ аз сардори шуъба, сармутахассис ва мутахассис иборат мебошад.

Дар соли таҳсили 2006-2007 дар Донишгоҳ ихтисоси нахустин, забони англисӣ (тарҷумон) ба низоми нави таҳсилот гузаронида шуд. Дар ин гурўҳ, марҳилаи аввал 50 нафар таҳсил мекарданд. Дар соли таҳсили 2006-2007 роҳбарии шўъбаи бақайдгириро (офиси бақайдгирӣ)-ро Абдулвадудова Оразбону ба уҳда доштанд.

Айни замон мудири шуъба  Нураҳмадзода Д. мебошад.