ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Таърих

SotimUlugzoda

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” бо қарори Совети Вазирони ИҶШС (СССР) аз 29.05.1979, № 490 бо номи Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Пас аз чанд соли фаъолият бо қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 08.02.1988, №36 ба муассиса номи Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон ба номи А.С.Пушкин гузошта шуд. Соли 1992 дар асоси қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.08.1992, №297 ин муассиса ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2009 дар шакли Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон номи Сотим Улуғзода» ивази ном кардааст. Ҳамин тавр, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2022, №613 ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон номи Сотим Улуғзода» табдил ёфт. Бори аввал ба Донишгоҳ донишҷӯён соли 1980 қабул шуданд. Нахустин ректори он доктори илмҳои филологӣ, профессор Додихудоев Р. Х. (аз соли 1980 то соли 1984) таъин шуда буд. Дар давраи фаъолияти минбаъда доктори илми фалсафа, профессор Приписнов В.И. (аз соли 1984 то соли 1990), ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Таранасова Г.Н. (солҳои 1990 – 1991), профессор Абдуллоева Мавлудахон Наҷмиддиновна (аз соли 1991 то соли 2003), доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷабборӣ Марҳабо (аз соли 2003 то соли 2010) профессор Салимов Носирҷон Юсуфович (соли 2010), доктори илми фалсафа Зиёев Хуршед Махшулович (солҳои 2011-2015), доктори илмҳои педагогӣ Қосимзода Идигул Тағо (соли 2015), доктори илмҳои педагогӣ Раҷабзода Маҳмадулло (солҳои 2016-2020)  роҳбарии ин муассисаро ба уҳда доштанд.

Айни замон (аз 24.11.2020) доктори илмҳои филологӣ, профессор Гулназарзода Жило Бурӣ ҳамчун роҳбари таҷрибадору бунёдкор ва навҷӯ фаъолияти корӣ намуда истодаанд. Дар ибтидо Донишгоҳ барои ба амал баровардани сиёсати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба мақсади тарбия намудани омӯзгорони забон ва адабиёти рус ташкил шуда буд, ки ин вазифаро то андозае ба иҷро расонид ва онро низ мутобиқи талаботи замони Шуравӣ ба хотири таъмини мутахассисон-омӯзгорони донандаи забони русӣ ва барои тарвиҷи ҳар чи бештари забони русӣ таъсис ёфта буд. Аз он ки донишкада мутахассисони як соҳаро омода менамуд, дар сохтори донишкада факултет амал намекард. Фаъолияти ҳар курс аз ҷониби деканҳои алоҳида назорат мегардид. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассиса вазифаҳои нав гузошта шуданд, ки барои амалӣ гардонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 05.10. 2009, №553) ва амалисозии иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни 2012, № 335)”, “Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2009, №371)”, “Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2009, №123)”, “Барномаи давлатии рушди таълими забонҳои англисӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2003, №508), “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.20119, №114), “Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2011, №643), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ” ва амалӣ намудани “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2011, №227)”, “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2009, №123), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» аз 21 июли соли 2010, №629, «Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  02 октябри 2012, № 512)” нақша-чорабиниҳои мушаххасро таҳия намуда, дар бораи ҷараёни иҷрои онҳо ба мақомоти марбута гузоришу маълумотномаҳо ирсол намудааст.

Дар Донишгоҳ айни ҳол 5 факултет, аз ҷумла, факултети филология ва рӯзноманигорӣ, факултети забон ва адабиёти рус, факултети забони англисӣ, факултети забонҳои Осиё, факултети забонҳои Аврупо ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ бо тобеияти 24 кафедра фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Аз ҷумла:

1. Забони тоҷикӣ

2. Забоншиносӣ ва рӯзноманигорӣ

3. Назария ва таърихи адабиёт

4. Методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик

5. Забони русӣ

6. Забоншиносии умумӣ

7. Назария ва таърихи адабиёти рус

8. Методикаи таълими забон ва адабиёти рус

9. Педагогика

10. Психология

11. Филологияи англис

12. Забоншиносии муқоисавӣ ва назарияи тарҷума

13. Методикаи таълими забонҳои хориҷӣ

14. Забони англисӣ барои ихтисосҳои ҳамгиро

15. Филологияи Шарқи наздик

16. Тарҷумонии забонҳои Шарқ

17. Омӯзгории забонҳои Шарқ

18. Забонҳои романӣ-германӣ

19. Таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ

20. Фалсафа ва сиёсатшиносӣ

21. Муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ

22. Тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ

23. Информатика

24. Фанҳои табиӣ-риёзӣ

Раёсати Донишгоҳ бо ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҳамкории мутақобилан судманд дорад. Ҳамчунин, бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ ва бахши робитаҳои хориҷӣ айни ҳол бо беш аз 60 муассисаву ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкориҳои бисёрҷабҳа ба роҳ мондааст, ки дар пешрафту рушди фаъолияти пурсамари муассиса мусоидат хоханд кард.