Дар Донишкада 12-уми март мулоқоти ректори муассиса, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айки Тошиҳи баргузор гардид.
Ректор зимни суханронӣ дар бораи Донишкада маълумоти муфассал дода, аз ҷумла, зикр кард, ки шуъбаи забони ҷопонӣ аз соли 2002 таъсис ёфта, айни замон дар он 72 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд. Инчунин, 9 нафар хатмкунандагони мо ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура ҳоло дар донишкадаву донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ҷопон ҳастанд.
Дар идомаи мулоқоти судманд суҳбати дуҷониба сурат гирифта, тарафҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъда, татбиқи созишномаҳои байни Донишкада ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ҷопонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Сафир Айки Тошиҳи барои пазироии самимонаи тоҷикона ва баргузории чунин вохӯрии муҳиму судманд изҳори хушнудӣ намуда, изҳор дошт, ки барои тақвияти равобити дуҷонибаи манфиатбор ҷиҳати таҳсили донишҷӯён кӯшиш ва иқдомоти заруриро роҳандозӣ менамояд.
Ҳайрати сафир аз забондонии донишҷӯён
12-уми март дар Донишкада озмуни наттоқони забони ҷопонӣ бо ширкати ректори муассиса, профессор Жило Гулназарзода ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айки Тошиҳи баргузор шуд.
Жило Гулназарзода зимни суханронии худ, аз ҷумла, иброз дошт, ки робитаҳои нек ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ки миёни халқҳои мо роҳандозӣ гардидаанд, бо азму талошҳои пайгиронаи сарварони хирадманди ду кишвари бо ҳам дӯст сатҳу сифати ин муносибатҳо боз ҳам беҳтар шудаанд.
Ба ҳунару истеъдоди иштирокчиёни озмун сафир, мутахассисони соҳа ва устодони забони ҷопонӣ баҳогузорӣ карданд.
Дар озмун 33 нафар иштирокчӣ аз ДДЗТ ба номи С.Улуѓзода, Донишгоҳи словянии Россия ва Тоҷикистон, Литсейи “Ҳотам ПВ” ва Маркази забономӯзӣ ва фарҳангии “КОКОРО” ширкат доштанд. Озмун дар ду бахш гузаронида шуд. Дар ҳарду бахш ҷойҳои ифтихорӣ насиби донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуѓзода гардид.
Аз ҷониби ҳакамон озмун чунин натиҷагирӣ карда шуд:
Дар бахши қироати матни интихобӣ:
Ҷойи аввал: Амзазода Гулноза, донишҷӯи курси 2-юми Донишкада;
Ҷойи дуввум Шарипова Мафтуна, донишҷӯи курси 2-юми Донишкада;
Ҷойи сеюм Аҳмадова Ибодат, донишҷӯи курси 2-юми Донишкада;
Дар бахши қироати иншои озод:
Ҷойи аввал: Алиқулов Ҷамолиддин, донишҷӯи курси 3-юми Донишкада;
Ҷойи дуввум: Жумаева Ҳилола, донишҷӯи курси 3-юми Донишкада;
Ҷойи сеюм: Рашидбекова Қурбонбека, донишҷӯи курси 3-юми Донишкада.
Баъд аз итмоми озмун ѓолибони озмун бо сертификат ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Озмун бо барномаи фарҳангӣ ва тақдими туҳфаи тоҷикона аз ҷониби раёсатии Донишкада ба сафир ҳусни анҷом бахшид.
Мавриди зикр аст, ки чунин озмунҳои маърифатӣ барои рушди тафаккури зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии ҷавонон мусоидат хоҳад кард.