ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ДАРСИ СУЛҲ – РАМЗИ ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Муҳтарам устодон

ва шогирдони арҷманд!

Фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро, ки бо дарси сулҳ оғоз меёбад, бароятон самимона муборакбод мегӯям.

Дар мамлакати соҳибистиқлоли мо ҳамасола нахустин рӯзи соли нави таҳсил - 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш таҷлил мешавад ва дар ин рӯз бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин дарс баргузор мегардад. Воқеан рамзист, зеро дониш ҳидоятгару раҳнамои донишомӯзон дар ҷодаи таҳсилу ҳаёт буда, сулҳ сарвати бебаҳои миллати куҳанбунёду сарбаланди тоҷик аст.

Президенти кишвар зимни мулоқоташон бо аҳли маорифи кишвар ба муносибати Рӯзи дониш чунин изҳор доштанд:  “Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятҳоро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бомаром идома медиҳем. Зеро ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, меъморону муҳандисон, ихтироъкорону навоварон, дигар ихтисосҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир вобастагии мустақим дорад.”

Раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар баробари дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар Рӯзи донишро бо омодагии ҳамаҷониба дар ҳама самти фаъолият: таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва иқтисодиву байналмилалӣ роҳандозӣ намуда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани он тадбирҳои идонаро доир намуд. Ба таври сазовор ҷашн гирифтани ин санаи фархунда паёме аз оғози неку умедбахши соли нави таҳсил ва пайке аз муваффақиятҳои мондагору шоистаи омӯзгорону донишҷӯёни хуштолеъи Донишкада хоҳад буд.

Азми омӯзгорони Донишкада дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ягона буда, ҷиҳати тақвият бахшидани  сатҳу сифати дониши шогирдон ва дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, махсусан, ширкати фаъол доштан дар баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, мисоли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” далели баланд бардоштани сатҳи дониш мебошад.

Бори дигар аҳли маорифи кишвар ва махсусан, ҳайати профессорону омӯзгорон ва шогирдони азизро бо фарорасии соли нави таҳсил табрику таҳният мегӯям.

Соли нави таҳсил фархунда бод!