Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 8-уми сентябр бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Истиқлоли давлатӣ дар эъмори давлатдории миллии тоҷикон” баргузор гардид, ки дар он ректор, профессор Жило Гулназарзода ва профессори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинова АМИТ Муҳиба Маҳмадҷонова ширкат доштанд.
Ректори Донишкада Жило Гулназарзода ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни бузурги давлатӣ табрик гуфта, чунин изҳор дошт: “Истиқлол – пояи бақои давлат, устувории миллат ва шарафу сари болои ҳар як шаҳрванд аст. Мо аз истиқлоли кишвари азизи худ меболем ва баҳри пойдории он бо тамоми ҳастӣ ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро Истиқлол Ватани моро дар арсаи ҷаҳон соҳибобрую соҳибмавқеъ бинмуд ва ба ободониву шукуфоии он мусоидат кард.” - Файзи истиқлол дар Донишкадаи шуҳратёри мо низ хеле хуб эҳсос мешавад. Дар дарозои 31 - соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таълимгоҳи мо аз ҳама ҷиҳат - мазмуну мундариҷаи таълиму тарбия, муҳтавои дастуру барномаҳо, усулҳои омӯзиш, таҷҳизоту ободонӣ хеле рушд ёфту мукаммал гашт, - илова намуд ректор.
Дар идома доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳиба Маҳмадҷонова дар мавзуи “Мақоми занон дар рушди илми даврони Истиқлол” баромад карда, дар бораи дастовардҳои занони олим дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди илми тоҷик ва ибтикороту дастгириҳои мондагору беназари Ҳукумати кишвар нисбат ба бонувон сухан гуфт.
Зикр шуд, ки бештари муҳаққиқону олимони зан дар замони соҳибистиқлолӣ соҳиби унвонҳои илмӣ гардидаанд ва инро метавон самараи Истиқлол ва далели дастгирии Ҳукумати мамлакат номид. Ҳамчунин, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ, дотсент Диловар Маҷидов дар мавзуи “Истиқлол ва рушди фарҳанги миллӣ” ва дотсенти кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ Ғайбулло Икромов дар мавзуи “Истиқлол ва сулҳи тоҷикон” баромад карданд.
Мавриди зикр аст, ки ба дотсентони кафедраи забони тоҷикии Донишкада Шарофат Ҷабборова ва Гулрухсор Абдуллоева нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим карда шуд.
Конференсия баъди нисфирӯзӣ кори худро дар бахшҳо идома дод.