ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ТАҶЛИЛИ ДУ РӮЗИ ФАРХУНДА ДАР ДОНИШКАДАИ ЗАБОНҲО

IMG 9162

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 30-юми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши илмӣ-тарбиявии бошукуҳ баргузор гардид, ки дар он ректор, профессор Жило Гулназарзода ва устодону донишҷӯёни Донишкада иштирок доштанд.

Ректор Жило Гулназарзода ҳозиринро ба муносибати ин ду санаи фархунда табрику таҳният намуда, аз ибтикороту дастгириҳои беназири Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба омӯзгорону соҳаи маориф ёдовар шуда, инчунин, саҳми Ҷалолиддини Балхиро дар тарбияи башарият ҳамчун омӯзгор хеле бузург арзёбӣ намуд.

Дар идома профессори кафедраи методикаи таълим Саидбой Шербоев дар бораи нақши омӯзгор ва вазифаи ӯ дар ҷомеа суханронӣ кард. Инчунин, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёт Салими Хатлонӣ дар мавзуи “Ҳамбастагиҳои одам ва оромиш бо Офаридгор аз дидгоҳи Мавлоно” ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Лоло Давлатбекова дар мавзуи “Ҷанбаҳои этникӣ дар ғазалиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” баромад намуданд.

          Мавриди зикр аст, ки дар қисми дуюми чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанг ва донишҷӯёни соҳибистеъдоди Донишкада чорабинии хотирмони фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди ҳозирин гардид. Инчунин, як қатор омӯзгорон бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.