Бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забонҳои маъруфи ҷаҳон – русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардид, то муаррифи забони ғановатбору хушоҳанги мо дар арсаи ҷаҳон бошад.
Барои тарҷумаи босифату шоистаи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» бо роҳбарии ректори Донишкада, профессор Жило Гулназарзода устодони варзидаи мо Фаёз Турсунов, Бахтиёр Ҳоҷатов, Анвар Баротов (бо забони русӣ), Зубайдулло Мусоямов, Бобоҷон Маликов, Муҳаммадсалим Азизмуродов, Хамида Ишратова, Зулола Ҳалимзода, Ҷамила Ҷӯраева, Дилфӯза Саидова, Аюб Зикруллоев, Рухангез Сафарзода (бо забони англисӣ), Зоир Ғафуров, Манижа Носирова, Қурбонбегим Ғуломалиева, Сайёра Гиёева, Наврӯзмоҳ Муборакшоева ва Моҳбегим Иброҳимова (бо забони чинӣ) бо камоли муҳаббату садоқат кӯшиш ба харҷ доданд.
Мавриди зикру ифтихор аст, ки китоби «Забони миллат – ҳастии миллат», воқеан ҳам, ҳамбаста ба ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ навишта шудааст. Аз ин ҷост, ки он зуд мақбули ҳамагон гашт ва барои аҳли кишвар ифтихорафзо шуд. Ин китоб бори дигар бо далелҳои муътамад ва суханони баланду дилписанд бузургию тавоноӣ ва таърихи пуршарафи забони модарии моро собит сохт.
Нашри тарҷумаи китоби арзишманди «Забони миллат – ҳастии миллат» - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ – русӣ, англисӣ ва чинӣ ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бошад!