ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ТАШРИФИ САФИРИ ҲИНДУСТОН БА ДОНИШКАДА

safir

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 4 - уми ноябри соли 2022 ҷамъбасти ҳафтаи забони ҳиндӣ баргузор шуд, ки дар он ректор Жило Гулназарзода ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх иштирок ва суханронӣ карданд.

Чун анъана сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дода, баъдан, қисмати фарҳангӣ оғоз гардид, ки дар он донишҷӯён бо забондонӣ, истеъдоди воло, бо хондани шеърҳо, суруду рақсҳои зебо ва дигар барномаҳои ҷолиб хотири ҳозиринро шод намуданд.

Дар идома ғолибони озмунҳои ҳафтаи забони ҳиндӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Ба раванди баргузории чорабинӣ сафир Вираҷ Сингх баҳои баланд дода, зимни суханронии худ бо забони ноби тоҷикӣ иброз дошт, ки аз забондониву истеъдоди волои муҳассилини шуъбаи забони ҳиндӣ огоҳӣ дошта, барои таҳсили онҳо ҷиҳати забономӯзиву донишандӯзи дар зинаҳои бакалавру магистратура ва докторантура дар муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ҳиндустон мусоидат менамояд.

- Ман Донишкадаи шуморо дӯст медорам ва ҳар гоҳ ин ҷо меоям хеле шод мешавам, – бо чеҳраи болида изҳор дошт сафир.