23 ноябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид, ки дар он ректор, профессор Жило Гулназарзода ва меҳмонон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Дар оғози чорабинӣ ректори Донишкада Жило Гулназарзода меҳмонон ва устодону донишҷӯёнро бо ин санаи фархунда таҳният гуфта, таъкид намуд, ки парчам нишонаи сарҷамъӣ, иттиҳод, якдилӣ ва ифтихори миллат аст. Дар ҳамоишҳо ва сабқатҳои гуногуни байналмилалӣ ба шарафи пирӯзии зодагони Тоҷикистон парчами давлатӣ барафрошта мешавад, ки хеле ҳаяҷонбахш ва ифтихорбарангез аст.
Далер Алиев - сармутахассиси раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз номи роҳбарияти кумитаи мазкур аҳли нишастро бо Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, ба таври фишурда аҳамият ва моҳияти парчамдориро ташреҳ бахшид.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии ҷолибу диданӣ аз ҷониби донишҷӯён манзури ҳозирин гардид.