ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Подполковник Васлибек НАЗРИЁН: МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲВАНДИ КИШВАР АСТ

korupДар асоси нақша - чорабиниҳои Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 30-юми ноябри соли 2022 мулоқоти намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, дотсент Абдулмаъин Қаюмов чорабиниро оғоз намуда, изҳор дошт, ки дар факултету кафедраҳои Донишкада пайваста ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ семинару мизҳои мудаввар ва дарсҳои кушод баргузор мегарданд.  

Сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ, подполковники адлия Васлибек Назриён аз ҳамкории судманди Донишкада бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин, зикр кард, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб вазифаи ҳар як шаҳванди кишвар ба ҳисоб меравад.

- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Нақша - чорабиниҳои амалисозии он барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ аҳамияти умумиҳатмӣ дорад, - чунин таъкид намуд подполковники адлия Васлибек Назриён.

Дар охир миёни меҳмони чорабинӣ ва ҳозирин суҳбати озод ва суолу ҷавоб сурат гирифт.Дар асоси нақша - чорабиниҳои Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 30-юми ноябри соли 2022 мулоқоти намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

 

Муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, дотсент Абдулмаъин Қаюмов чорабиниро оғоз намуда, изҳор дошт, ки дар факултету кафедраҳои Донишкада пайваста ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ семинару мизҳои мудаввар ва дарсҳои кушод баргузор мегарданд.  

 

Сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ, подполковники адлия Васлибек Назриён аз ҳамкории судманди Донишкада бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин, зикр кард, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб вазифаи ҳар як шаҳванди кишвар ба ҳисоб меравад.

 

- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Нақша - чорабиниҳои амалисозии он барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ аҳамияти умумиҳатмӣ дорад, - чунин таъкид намуд подполковники адлия Васлибек Назриён.

Дар охир миёни меҳмони чорабинӣ ва ҳозирин суҳбати озод ва суолу ҷавоб сурат гирифт.