4 - уми январи соли 2023 маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти солонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуѓзода баргузор гардид, ки дар он ректори таълимгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода ва ҳайати кормандону омӯзгорон ширкат варзиданд.
Ректор аз дастовардҳои соли 2022 дар ҳама самтҳои фаъолият ёдовар шуда, чунин изҳор дошт: “Дар давраи ҳисоботӣ яке рўйдодҳои муҳимми таърихӣ барои Донишкада ифтитоҳи бинои нави таълимӣ-маъмурӣ мебошад, ки санаи 27.09.2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро ифтитоҳ намуданд. Маркази омўзиши корномаи Пешвои миллат бо фарогирии беш аз 600 нусха адабиёт таъсис дода шуд, ки ҳадафи он шиносоии донишҷўён аз фаъолияти густурда ва созандагиву ҷавонпарваронаи Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад.”
- Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ гардондани раванди таълим ва баланд бардоштани сифати забономўзии донишҷўён дар соли ҷорӣ баҳри таҳкими пояҳои моддиву техникии Донишкада тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, ҷиҳати татбиқи имконоти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим Донишкада 130 компютер, 21 принтер, 23 проектор, 14 тахтаи электронӣ, 3 ноутбук ва 2 сервер ворид намуд,- чунин зикр шуд дар ҷаласа.
Ҳангоми ироаи ҳисоботи ректор маълум гардид, ки шумораи умумии кормандону омўзгорони асосии Донишкада 85 нафарашро устодони дорои дараҷаи илмӣ (10 нафар доктор, профессор) ва (61 нафар дотсент, 14 нафар номзади илм) дошта, ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба соли гузашта 3 нафар доктори илм ва 26 нафар номзади илм дар Донишкада зиёд шуданд.
- Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати профессорону омўзгорони муассиса дар маҷаллаҳои гуногуни илмии ватанӣ ва хориҷӣ беш аз 460 мақолаи илмӣ таҳия ва чоп намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 номгў зиёд мебошад. Аз ҷониби омўзгорони Донишкада дар давраи ҳисоботӣ 20 монография, 19 дастури таълимӣ, таълимӣ-методӣ таҳия ва чоп шудааст, - изҳор дошт ректор.
Жило Гулназарзода зикр кард, ки яке аз дастовардҳои муҳимми соли 2022 тарҷумаи ҷилди аввали асари безаволи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат - ҳастии миллат” аз ҷониби ҳайати профессорон ва омўзгорони Донишкада бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ ба шумор меравад. Дар ин замина раёсати Донишкада ҳайати тарҷумонони китобро бо ифтихорномаву мукофотпулӣ ҳавасманд гардонид.
Зикр шуд, ки дар давоми соли 2022 4 шумораи маҷаллаи илмӣ-назариявии “Паёми Донишкадаи забонҳо” таҳия ва ба чоп расонида шуда, дар шохиси илмии иқтибосии Русия (РИНЦ) ба қайд гирифта шуданд. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ 6 маҷмуаи илмӣ ва маводи конференсия рўйи чоп омадааст.
Ректор яке аз дастовардҳои мондагор дар самти фаъолияти илмӣ - таҳқиқотии Донишкадаро таъсиси шурои диссертатсионӣ ҳисобида, иброз дошт, ки дар Донишкада як шурои диссертатсионии 6D.КОА-36 аз рўйи ихтисосҳои 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021301 - Назарияи забон ва 6D021302 - Забоншиносии муқоисавӣ - таърихӣ, киёсӣ ва муқоисавӣ) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рўйи ихтисоси 10.02.00 - Забоншиносӣ (10.02.19 - Назарияи забон ва 10.02.20 - Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ) (аз 03 марти соли 2022 №90 ш/д тасдиқ шудааст) амал мекунад, ки дар давоми соли 2022 дар он 8 рисолаи илмӣ дифоъ гардид. Ҳамзамон, шуро 6 рисолаи дигарро ҷиҳати дифоъ қабул намудааст.
Зимни ироаи маърузаи ректор маълум шуд, ки дар соли 2022 15 нафар омўзгору унвонҷўи Донишкада рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 9 нафар зиёд мебошад. Ҳамзамон, 12 нафар хатмкунандагони зинаи аспирантура, докторантура аз рўйи ихтисос, унвонҷўён ва омўзгорони Донишкада, рисолаҳои илмии худро ба анҷом расонида, барои дифоъ ба шуроҳои диссертатсионии кишвар пешниҳод карда истодаанд.
Инчунин, зикр шуд, ки дар давоми соли 2022 дар олимпиада миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” донишҷўи соли дуюми факултети забони англисӣ Ҳусния Ёѓибекова аз фанни математика ва донишҷўи курси сеюми факултети забонҳои Аврупо Мирсаид Пулодов аз фанни география сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Инчунин, дар олимпиадаи фаннии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷўи курси сеюми факултети филологияи тоҷик Сабрина Сафарова сазовори ҷойи аввал аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ва Амина Абдуллоева, донишҷўи курси сеюми факултети забони англисӣ аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Қисми тарбияи Донишкада ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, тарбияву ифтихори миллӣ, ҳисси худшиносӣ, ватандўстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву хурофотӣ, таъмини иштироки фаъолонаи омўзгорону донишҷўён дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии кишвар пайваста чораҳои амалиро андешида истодааст. Вобаста ба ин дар ин давра 420 чорабинии хусусияти тарбиявӣ ва фарҳангӣ дошта, дар Донишкада баргузор гардид.
Ҳамчунин, ректор иброз дошт, ки яке аз дастовардҳои муҳимми Донишкада дар самти робитаҳои байналмилалӣ таҳсили донишҷўёни хориҷӣ дар Донишкада ва иштироки муҳассилини мо дар озмунҳои илмию фарҳангӣ буда, дар давраи ҳисоботӣ 505 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз рўйи ихтисосҳои мавҷудаи Донишкада ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, дар ҳамин давра 5 - нафар шунаванда, аз ҷумла, 1 - нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Филиппин, 1 - нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 3-нафар шаҳрванди Куриёи Ҷанубӣ дар Донишкада забони тоҷикӣ меомўзанд.
Ректор Жило Гулназарзода аз дастовардҳои донишҷўён изҳори хушнудӣ карда, гуфт, ки: “Ҳар сол дар шуъбаи куриёӣ ва маркази забони куриёии Донишкада озмуни натоқони забони куриёӣ баргузор мегардад. Соли равон аз байни 10 нафари иштирокдошта 3 нафар аз гурўҳи ибтидоӣ ва 3 нафар аз гурўҳи миёна ѓолиби озмун дониста шуданд. Ѓолиби ҷойи якум Алимов Ҳоҷиакбар, забономўзи марказӣ Шоҳ Сеҷониги назди Донишкада буда, аз гурўҳи миёна ба Ҷумҳурии Куриё сафарбар гардид.
Ҳамзамон, дар озмуни “Наттоқони забони ҷопонӣ” байни муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва олии касбии ҷумҳурӣ дар ҳар ду бахш ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро донишҷўёни Донишкада соҳиб шуда, бо сертификат ва ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ дар озмуни байналмилалии даъвати 21-уми озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” донишҷўи факултети забонҳои Осиё Шаҳдод Атобуллоев сазовори ҷойи аввал ва донишҷўи ҳамин факултет Азизҷон Қодиров сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Инчунин, дар озмуни ҷумҳуриявӣ, ки дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия баргузор гардид, донишҷўёни факултети филологияи рус Холова Ҳамида сазовори ҷойи якум, Худобахш Зуҳриддинов сазовори ҷойи дуюм ва Фирўза Қулматова сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Зикр шуд, ки дастаи донишҷўёни Донишкада дар олимпиадаи байналмилалии забони англисӣ дар мавзўи “Мо фарҳанг эҷод мекунем ё фарҳанг моро эҷод мекунад” миёни донишҷўёни курсҳои болоӣ (3-5) ва магистратура сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ин олимпиадаи ҷаҳонӣ, ки 1-уми декабри соли 2022 тариқи онлайн дар Федератсияи Русия доир шуд, Донишкадаи моро дар ҳайати даставӣ донишҷўёни соли сеюми факултети забони англисӣ Мавлуда Сафарова, Саноат Додобоева ва донишҷўи соли чоруми факултети забонҳои Осиё Парюн Ҳомидзода намояндагӣ карда, сазовори диплом, сертификат ва мақоми сеюм шуданд. Инчунин, донишҷўи Донишкада Мавлуда Сафарова дар ин олимпиада миёни донишҷўён сазовори ҷойи сеюм ва диплом гардид.
Профессор Жило Гулназарода изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ раёсати Донишкада 4 нафар сафир: сафири Ҷумҳурии Куриё Квон Донг Сок; сафири Ҷумҳурии Доменикан Франк Ханс Данненберг Кастелянос; Сафири Ҳиндустон Вираҷ Синҳ ва сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ар-Рашиданро қабул намуд.
Зикр шуд, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва истироҳату фароѓати ҳайати профессорону омўзгорон, донишҷўёну магистрантон ва унвонҷўёни Донишкада, бунёди пояи мустаҳками моддӣ-техникӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгўй ҳадафи асосии Донишкада дар самти иқтисодиёту иҷтимоиёт мебошад.
- Толори варзишии Донишкада пурра азнавсозӣ шуда, бо ҳуҷраҳои корӣ ва беҳтарин шароити муосир барои ба варзиш машѓул шудани кормандону донишҷўён муҳайё гардид. Толорҳои хониши китобхонаи Донишкада, ҳуҷраи кории шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва кафедраи филологияи Шарқи Наздик пурра аз нав таъмир гардида, ба истифода дода шуданд, - иброз дошт ректор Ж.Гулназарзода.
Хулоса, фаъолияти Донишкада дар маърузаи ректор ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Профессори Донишкада Фаёз Турсунов, дотсенти кафедраи методикаи таълим Каримҷон Гадоев, мудири кафедраи забони тоҷикӣ Мунавввара Усмонова, мудири кафедраи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Ѓолиб Турсунов ва мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ Муҳаббатшо Қобилов суханронӣ карда, аз фаъолияти яксолаи Донишкада изҳори қаноатмандӣ намуда, ба муҳтавои ҳисобот ва дастовардҳои муассиса баҳои баланд доданд.
Дар фароварди ҷаласа ҷиҳати беҳтар кардани корҳои таълимӣ, илмӣ тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ дар соли 2023 қарорҳои дахлдор қабул шуда, масъулини сохторҳо вазифадор гардиданд.