ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ЧИЛ НАФАР ХАБАРНИГОР ДАР НИШАСТИ МАТБУОТИИ ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 8-уми феврали соли ҷорӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти муассиса дар соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он 40 нафар хабарнигор аз рӯзномаву маҷалла ва радиову телевизионҳои кишвар фаъолона ширкат доштанд.

Ректор, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода аз фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2022 ҳисобот дода, доир ба дастовардҳои илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалии таълимгоҳ ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод кард.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 сентябри соли 2022 бинои нави маъмурӣ ва таълимии муассисаро ифтитоҳ намуда, дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ бо устодону донишҷӯёни мо ва аҳли маорифи пойтахт мулоқот карданд. Маҳз самараи ин мулоқот буд, ки бо ибтикори Пешвои миллат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 №613 донишкада мақоми байналмилалиро касб карда, ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода табдили ном намуд, - дар оғоз чунин изҳор дошт Ж.Гулназарзода.

Тибқи иттилои ректор аз шумораи умумии кормандону омӯзгорони асосии Донишгоҳ 87 нафарро устодони дорои дараҷаи илмидошта (10 нафар доктор, профессор ва 61 нафар дотсент, 16 нафар номзади илм) ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба соли 2021 3 нафар доктори илм ва 11 нафар номзади илм зиёд мебошад.

Зикр шуд, ки барои ба стардарҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ кардани Донишгоҳ, таъсиси сохторҳову воҳидҳои нави корӣ, ихтисосҳои нав ва ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму забономӯзии донишҷӯён гурӯҳи корӣ фаъолият дошта, расмиёти муқарраргардида дар ин самт дар арафаи анҷомёбист.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мутахассисонро аз рӯйи 11 забон ва 31 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 5 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи докторантура бо касбҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд.

- Дар соли 2022 дар Донишгоҳ Маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат бо фарогирии беш аз 665 нусха адабиёт таъсис дода шуд, ки ҳадафи он шиносоии донишҷӯён аз фаъолияти густурда ва созандагиву ҷавонпарваронаи Сарвари давлат дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Ҳамчунин, бо истифода аз неруи илмии ҳайати устодону профессорон бори аввал тарҷумаи ҷилди аввали асари Пешвои миллат “Забони миллат - ҳастии миллат” бо 3 забони хориҷӣ: русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума ва ба нашр расид, - чунин зикр кард ректор.

Дар идома ректор иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 17 нафар унвонҷӯ, докторант аз рӯйи ихтисос ва омӯзгорони Донишгоҳ рисолаи номзадии худро ҳимоя намудаанд, ки ин дар муқоиса ба соли гузашта 11 нафар зиёд мебошад. Ҳамзамон, 12 нафар хатмкардаи зинаи аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос, унвонҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳ рисолаҳои илмии худро ба анҷом расонида, барои дифоъ ба шуроҳои диссертатсионии кишвар пешниҳод намудаанд.

Дар Донишгоҳ 586 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз Туркманистон 3 нафар, Қирғизистон 1 нафар, Афғонистон 3 нафар, Ӯзбекистон 576 нафар, Федератсияи Россия 2 нафар ва Қазоқистон 1 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, дар ин давра 7 нафар шунаванда дар Донишгоҳ таҳсил намуда, ба омӯзиши забони тоҷикӣ машғул ҳастанд. Аз ин теъдод 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Филиппин, 3 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 3 нафар шаҳрванди Куриёи Ҷанубӣ мебошанд.

Зикр гардид, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш толори варзишии Донишгоҳ пурра азнавсозӣ шуда, бо ҳуҷраҳои корӣ ва беҳтарин шароити муосир муҳайё гардид. Инчунин, толорҳои хониши китобхонаи муассиса, синфхонаи китобхонаи электронӣ ва ду ҳуҷраи корӣ пурра аз нав таъмир гардиданд.

Баъдан, рӯзноманигорон 19 савол ва 1 пешниҳод дар хусуси омода намудани тарҷумонҳои варзидаи касбӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, дурнамои фаъолияти муассиса ва дигар масоили илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ пешниҳод карда, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Дар фарҷом ректор ба намояндагони васоити ахбори омма барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуд.

Лозим ба зикр аст, ки баъди нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон аз Маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат ва шароити таҳсилу забономӯзии донишҷӯён дар бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишгоҳ аз наздик шинос гардиданд.