Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 2 - юми феврали соли 2023 бахшида ба ҷашни бузурги мардуми ориёитабор - Сада чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бо номи “Сада ҷашни мулуки номдор аст” баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода ҳозиринро ба муносибати ҷашни аҷдодии тоҷикон – Сада табрику таҳният гуфта, инчунин, зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дар қатори дигар ҷашнҳои миллии мо - Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон дубора эҳё шуда, он ҳамасола дар тамоми минтақаҳои кишвар дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.
Баъдан, омӯзгорони кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ Ҳошимҷон Аслонов, Муҳаббатшо Қобилов ва омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Муҳаммадсалим Азизмуродов бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таърихи ҷашни Сада ва дубора эҳё гардидани он маърузаҳои илмии пурмуҳтаво карданд.
Мавриди зикр аст, ки оростани гӯшаи идонаву дастовардҳои миллӣ, намоиши навъҳои тухмиҳои зироатӣ ва намунаи гулу ниҳолҳо аз ҷониби факултетҳо, пешниҳоди сурудҳои ватандӯстона, қироати шеърҳо, намоиши либосҳои миллӣ, рақсҳои тоҷикона ва табрикот бо забонҳои тадрисшаванда аз ҷавҳари асосии барномаи ҷашни Садаи Донишгоҳ ба ҳисоб мерафт.
Ҷашни куҳанбунёди Сада дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бошукуҳ ва бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил гардида, ба раванди баргузории он иштирокчиён баҳои баланд доданд.