ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ОҒОЗИ ТАНТАНАҲОИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДБЗХТ БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА (2)

8mrchБахшида ба Рӯзи модар дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 1-уми марти соли 2023 чорабинии идонаи тантанавӣ зери унвони “Модар - олиҳаи меҳр” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар ин чорабинии бошукуҳ бонувони фаъолу шинохтаи кишвар - раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Народная газета” Маҳбуба Камолова, сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” Шоҳона Одиназода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ Фарангис Шарифзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода, директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Шаҳло Ашуриён, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон Зарина Файзуллозода ширкат ва суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни ин чорабинии бонуфуз аз ташаббуҳову дастигириҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати бонувон, нақши модар дар тарбияи насли инсон, саҳми занон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва бузургии зан - модар сухан гуфта, ҷавондухтаронро ба ватандӯстиву худшиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва донишандӯзиву рӯзгордорӣ роҳнамоӣ карданд.

Ректори муассиса Жило Гулназарзода ҳузури меҳмононро ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шодбош гуфта, ба онҳо сиҳатмандиву хушбахтӣ ва музаффарияту сарбаландиро дар рӯзгору фаъолиятшон таманно карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфт.

Дар идома аз ҷониби бахши фарҳанг ва дастаи ҳунарии “Субҳи ҷавонӣ”-и Донишгоҳ чорабинии хотирмони фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз табрикнома бо забонҳои хориҷӣ, шеъру таронаҳо дар ситоиши модар, ва суруду рақсҳои зебои хатлониву суғдиву бадахшонӣ ва хориҷӣ иборат буд, манзури тамошобинон гардид.