Дар доираи сафари расмии ҳайати васеъ ва баландпояи Федератсия Русия, ки таҳти роҳбарии раиси Ҳукумати Федератсия Русия Михаил Мишустин санаи 2-юм ва 3-юми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, намояндагон ва роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ташриф оварданд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода нахуст Денис Гутс (Гуц) муовини ректори Донишгоҳи федералии Сибири Федератсияи Русияро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ атрофи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, раванди таълиму тарбия ва шароити мусоид барои донишандӯзии ҷавонон дар ҳар ду донишгоҳ табодули афкор сурат гирифта, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда таклифу пешниҳодоти судманд ироа гардиданд.
Баъдан, аз ҷониби Денис Гутс (Гуц) муовини ректори Донишгоҳи федералии Сибири Федератсияи Русия пешниҳод карда шуд, ки барои боз ҳам густариш бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар ояндаи наздик ҳамроҳи роҳбарияти муассисаашон ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода боздид намоянд.
Дар идомаи ҳамин рӯз мулоқоти ректори Донишгоҳ Жило Гулназарзода бо муовини раиси (губернатори) шаҳри Севастополи Федератсияи Русия Мария Литовка, ректори Донишкаи забони русии ба номи А.Пушкини шаҳри Москва Наталя Трухановскай ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ҳамин Донишкада Наталя Генодевна баргузор гардид.
Роҳбари муассиса Жило Гулназарзода дар бораи дастоварду имкониятҳои Донишгоҳ ва ҳамкориҳои он бо муассисаҳои олии кишварҳои хориҷи дуру наздик сухан гуфта, изҳор дошт, ки ҳадафи асосии раёсат ва омӯзгорони муассиса омода кардани мутахассисони донишманду забондони сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Дар рафти машварат тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷонибаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо муассисаҳои олии Федератсияи Русияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Сипас, дар доираи гуфту шуниду муколама ҷонибҳо барои ба имзо расонидани қарордоду шартномаҳо ба тафоҳум расида, дар натиҷа миёни Донишгоҳ бо муассисаҳои олии Федератсияи Русия ду шартномаи дуҷониба барои табодули донишҷӯён, ифтитоҳи кафедра ва факултетҳои муштарак, аз курси такмили ихтисос гузаронидани кормандону омӯзгорон ва омода намудани маводи таълимию методӣ ба имзо расонида шуданд.
Аз ҷонибии ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» - и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо забонҳои маъруфи ҷаҳон – русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардидааст, муаррифӣ шуда, нусхаҳои забони русии он ба меҳмонон тақдим карда шуданд.
Намояндагони Федератсияи Русия барои пазироии тоҷикона ва баргузории мулоқоти судманд изҳори сипос карданд.