ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ҲАМОИШ БО ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти раисии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 то 24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Америка Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар партави ин Конфронс ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат вобаста ба об ва ҳифзи пиряхҳо 3 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамоиши илмӣ - амалӣ бо ширкати мутахассисони соҳа бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ доир шуд.

Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филология, профессор Жило Гулназарзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, аз ташаббусҳои таърихиву ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масоили об ёдовар шуда, зикр кард, ки: “Дастгирии пешниҳодоти Тоҷикистон ва қабул кардани нуҳ қатънома дар ду даҳсола аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об ва раисии Пешвои миллат дар Конфронси ҷаҳонии сатҳи баланд боиси ифтихори мо, тоҷикон буда, нишонаи бузурги эътирофи ҷаҳониён аст.”

Дар идома Музаффар Шодмонов, корманди Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таърихӣ номида, бо далелҳо дар бораи иқдомоти Пешвои миллат ва ҳифзи муҳити зист, хусусан, пиряхҳо маълумоти муфассал дод.

Мутахассиси Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Назирзода ва корманди ҳамин ниҳод Саттор Саидов оид ба вазъ, ҳолат ва дурнамои обу пиряхҳои мамлакат ва ҷаҳон маърузаҳои илмӣ бо забонҳои хориҷӣ ва слайдҳо пешниҳоди ҳозирин карданд.

Мавриди зикр аст, ки мутахассисони соҳа бо рӯнамоиҳои ҷолиб атрофи пиряхҳо, лабараторияҳо ва оқибати нестшавии онҳо баромадҳои судманд анҷом дода, ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлатро дар ин самт саривақтию бузург ва мондагор номиданд.

Кормандони Донишгоҳ Илҳом Камолзода, Амонулло Каримов, Зубайдулло Мусоямов, Леммара Джамирова, Ҳикматулло Абдуллозода ва Диловар Маҷидов дар қисмати музокира фаъолона ширкат карда, ба муҳтавои маърузаҳои иштирокчиён баҳои баланд доданд.

Шоистаи зикру ифтихор аст, ки 14 декабр Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард.