ТОҶ  /  РУС  /  ENG

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БО ШИРКАТИ МУТАХАССИСОНИ СОҲА

31-уми марти соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Таҳқиқоти педагогӣ: мушкилот ва дурнамои он дар замони муосир» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор гардид.

Дар конференсия, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ, профессори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Файз Гулмадов, профессори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Бибиҳафиза Маҷидова, намояндаи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Зарина Норова ва Нодира Мирхонова, омӯзгори ДҶТИКСМ  ширкат доштанд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ, дотсент Илҳом Камолзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар бораи мақсади конференсия, муҳтавои мақолаҳои пешниҳодшуда, нақши омӯзгор дар тарбияи инсоният ва дастгириву ташаббусҳои мондагори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифу илм дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.

Дар идома, доктори илмҳои педагогӣ Ҷумахон Файзализода дар мавзуи “Афкори педагогии халқи тоҷики асримиёнагӣ оид ба ташаккули арзишҳои оиладорӣ”, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳ Дилором Ашурова дар мавзуи “Об аз пиряхҳо сарчашма мегирад, таҷрибаомӯзӣ аз амалия” ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳ Ҳикматулло Абдуллозода дар мавзуи “Нақши оила дар тарбияи фарзанд” баромад карданд.

Инчунин, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳ Муҳсин Шарифов дар мавзуи “Нақши омӯзгори муосир дар таълими босалоҳият” ва омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи ДҶТИКСМ Зарина Норова дар мавзуи “Нақши фаъолияти педагогии Маркази инкишофи кӯдак дар рушди кӯдакони синни томактабӣ” маъруза намуданд.

Мавриди зикр аст, ки конференсия аз ҷониби кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳ доир гардида, пас аз нисфирӯзӣ кори худро дар бахшҳои «ҳалли мушкилоти таҷрибаомӯзӣ дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ» ва «нақши оила дар тарбияи фарзанд» бо роҳбарии мудири кафедра, дотсент Маҳбуба Ошимова ва дотсенти ҳамин кафедра Фирӯза Раҷабова бо ширкати олимону омӯзгорон ва муҳаққиқон идома дод.