ТОҶ  /  РУС  /  ENG

НАМОИШИ КИТОБҲО БАХШИДА БА РӮЗИ КИТОБ

IMG 6249

IMG 6241

 Дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 4-уми сентябр ба ифтихори Рӯзи китоб намоиши китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва илмӣ доир гардид.

Декани факултет, дотсент Бахтиёр Абдураҳимов изҳор дошт, ки Рӯзи китоб ва роҳандозии озмунҳои гуногуни марбут ба мутолиаи китоб ҷомеаро ба арҷ гузоштан ба осори адибону олимон, инчунин, хониши мунтазами китоб ҳидоят мекунад.

Мавриди зикр аст, ки аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон 4 -уми сентябр ҳамчун Рӯзи китоб таҷлил мегардад.