Ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 8 сентябри соли 2023 чорабинии илмӣ зери унвони “Зи Истиқлол бошад сулҳу дӯстӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода ва мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Садриддин Ширинбекзода ширкат доштанд.
Ректор Жило Гулназарзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, дар бораи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ба даст овардани истиқлолу ваҳдати миллӣ ва хизматҳои бузургу мондагори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, инчунин, изҳор дошт, ки дар Донишгоҳи мо чун анъана дар оғози соли таҳсил баҳри таҷлили ҷашни бузурги миллат - Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабиниҳои илмӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.
Дар идома Дилноза Аҳмадзода баромад карда, дар бораи солҳои мудҳиши ҷанги хонумонсӯз, нооромию нобасомониҳо дар кишвар, рӯзгори вазнини мардум, омадани фарзонафарзанди миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат, дастовардҳои арзишманди соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи марзу буми меҳан ибрози назар кард.
Сипас, намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, Садриддин Ширинбекзода ва декани факултети филология ва рӯзноманигорӣ Бахтиёр Абдураҳимов суханронӣ намуда, дар бораи истиқлолу Ваҳдати миллӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳиссаи ватандӯстию худшиносии ҷавонон ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфтанд.
Дар охир ҳозирин ба раванди баргузории чорабинӣ баҳои баланд доданд.