Бахшида ба 32 - солагии Истиқлоли давлатӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 7 сентябри соли 2023 конференсияи умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Истиқлол ва густариши илму маориф» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода, раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Идизода Файзалӣ ва Муҳиба Маҳмадҷонова, профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АМИҶТ ширкат доштанд.
Ректори Донишгоҳ Жило Гулназарзода ҳозиринро ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, дар бораи таҷрибаи ба даст овардани сулҳи тоҷикон, дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва корномаи ибратомӯзу ташаббусҳои таърихиву ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.
Баъдан, дотсент Идизода Файзалӣ дар мавзуи “Рушди равобити хориҷӣ дар даврони истиқлол”, Муҳиба Маҳмадҷонова дар мавзуи “Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави таъсири ҷаҳоншумулӣ” ва мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳ, дотсент Диловар Маҷидов дар мавзуи “Истиқлоли давлатӣ ва рушди фарҳанги миллӣ” маъруза намуданд.
Дар қисми дуюми чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанг ва донишҷӯёни соҳибистеъдоди Донишгоҳ чорабинии хотирмони фарҳангӣ - фароғатӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.
Мавриди зикр аст, ки кормандону омӯзгорон бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаи ректори Донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, аз ҷониби раёсати муассиса ба иштирокчиёни фаъоли даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мукофотпулӣ ва сипоснома тақдим шуд.