Дар факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ - поягузори назми оламгир“ баргузор шуд, ки дар он муовинони ректор оид ба таълим ва тарбия Зулфия Мирзода, Лайлӣ Шарифзода, декани факултет Бахтиёр Абдураҳимов ва мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт Нурмат Шамсов ширкат доштанд.
Муовини ректор оид ба таълим Зулфия Мирзода аз нақши бузурги осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷик ва шуҳрати ҷаҳонӣ доштани ӯ ёдовар шуда, муҳаққиқону донишомӯзонро барои омӯхтан ва таҳқиқ кардани ашъори ин шоири бузурги тоҷик ҳидоят намуд.
Баъдан декани факултет Бахтиёр Абдураҳимов ва мудири кафедра Нурмат Шамсов оид ба осори арзишманди устод Рӯдакӣ, пажуҳиши рӯзгор ва эҷодиёти шоир аз ҷониби адибону олимон ва мақсад аз таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ сухан гуфта, таъкид намуданд, ки шеъри Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мазмуну муҳтавои баландаш ҷовидона буда, хизмати ӯ натанҳо барои адабиёти тоҷик, балки барои адабиёти ҷаҳон бузургу беназир аст.
Дар конференсия маърузаҳои профессорони кафедраи назария ва таърихи адабиёт Лоло Давлатбеков дар мавзуи “Мавқеи тахайюл дар шеъри Рӯдакӣ” ва Шарифмурод Исрофилиё дар мавзуи “Тараннуми озодӣ ва озодагӣ дар ашъори бозмондаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” шунида шуд.
Инчунин, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳамза Собиров дар мавзуи “Ашъори дар баҳри ҳазаҷ сурудаи устод Рӯдакӣ” ва дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт Мушкинисо Раҳимова дар мавзуи “Назира ва истиқболияҳо бар ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” баромад намуданд.
Дар қисмати дуюми конференсия донишҷӯёни фаъоли факултети филология ва рӯзноманигорӣ аз ашъори гаронарзиши устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ намунаҳо қироат карданд.