ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ШИРКАТ ДАР ФОРУМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ

374225779 266013592937333 5595693090253463129 n

Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, Вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон Саясат Нурбек, Вазири маорифи Ҷумҳурии Туркманистон Атаева Қурбонгул, муовини вазири маориф, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бузрукхонов Сарвархон, ректори Донишгоҳи давлатии Оши Ҷумҳурии Қирғизистон Кожобеков Худойбердӣ ва дигар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии аъзои Форум суханронӣ карданд.

Зимни суханрониҳо таъкид шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ донишгоҳҳо ва марказҳои таълимиро робитаҳои зич ба ҳам мепайвандад. Ҳамкориҳои имрӯзаи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ метавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намоянд. Робитаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи боэътимоди амиқтар кардани муносибатҳо дар дигар соҳаҳои муҳим: дар соҳаи илм, маориф, технологияҳои олӣ ва инноватсия мебошанд.

Низоми таҳсилоти олӣ ва ташаккули фазои ягонаи башардӯстона асосии рушди ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.«Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рушди илму маориф дар тамоми давра ба самти муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт.

Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад» – таъкид шуд дар форум.

Мавриди зикр аст, ки дар идомаи форум миёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгохи шарқии Қазоқистон ба номи Сарсен Амонжалов дар самти ҳамкориҳо созишномаи дуҷониба ба имзо расид.

Форум дар ду бахш идома дорад: Бахши I: «Тамоюлҳои таҳсилоти байналмилалӣ дар шароити ҷаҳони тағйирёбанда: анъана ва инноватсияҳо». Бахши II: «Рушди ҳамкориҳои илмию педагогӣ ҳамчун омили ҳамгироии байналмилалӣ дар фазои таълимии бисёрфарҳангӣ».