Дар шаҳри Минск дар Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Белоруссия бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Белоруссия Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири маорифи Ҷумҳурии Белоруссия Ивантс Андрей Иванович ва 75 ректори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларуссия иштирок доранд.
Тибқи маълумоти расонаҳо дар қисмати ифтитоҳии форум вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок варзида, зимни суханронӣ қайд намуд, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Белоруссия аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар самти илму маориф рӯз то рӯз рушд карда истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи Форум миёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ва ду муассисаи олии Ҷумҳурии Белоруссия: - Донишгоҳи давлатии Барановия ва Донишгоҳи забоншиносии шаҳри Минск созишномаи ҳамкорӣ оид ба тақвият бахшидани имконоти илмию таҳсилотӣ ва пажуҳишию инноватсионии тарафайн ба имзо расонида шуд.
Бояд қайд намуд, ки масъалаи таъсиси кафедра ва факултетҳои муштарак дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо муассисаҳои самти фаъолияташон мувофиқ бо ихтисосҳои амалкунандаи муассиса мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.
Форуми мазкур дар шаҳри Минск ду рӯз идома кард, ки баргузории он ба рушди ҳамкории дурнамо ва босамари дуҷониба дар соҳаи илму маориф мусоидат хоҳад намуд.