Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 6 - уми октябри соли 2023 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Забон – сарчашмаи ваҳдату бақои миллат» баргузор гардид, ки дар он намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниёзӣ Сироҷиддин, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Зулфониён ва мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷики ДМТ Дӯстзода Ҳамрохон ширкат доштанд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Илҳом Камолзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, аз ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гиромидошт, рушд ва таҳқиқу муаррифии забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ сухан гуфт.
Баъдан Ниёзӣ Сироҷиддин баромад карда, дар бораи таърихи забони тоҷикӣ ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар карда, ба раёсати Донишгоҳ ва масъулини баргузории конференсия изҳор сипос намуд.
Дар идома Зулфониён Раҳим Раҷабзода дар мавзуи “Ба истилоҳнигории миллӣ хунукназариҳо нашояд”, Ҳамрохон Дӯстзода дар мавзуи “Таърихи забони тоҷикӣ ва марҳилаҳои рушди он” ва Мунаввара Усмонова, мудири кафедраи забоншиносӣ ва рӯзноманигории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзуи “Забон ва нақши он дар пешравии илму маориф” маърузаҳои илмӣ пешниҳод карданд.
Зикр шуд, ки маҳз, ба шарофати иқдомоти бузургу мондагор ва таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доманаи корбурди сиёсии забони тоҷикӣ фарох гардида, зарфиятҳои он дар ифодаи муҳимтарин матлабҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ба кор даромаданд.
Конференсия пас аз нисфирӯзӣ кори худро дар бахшҳои “Рушди забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол” ва “Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ” бо иштироки олимону муҳаққиқон ва донишомӯзон идома дод.