ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИИ МУШТАРАК БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ 5 - октябри соли 2023 бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки васеи олимону адибон, забоншиносон ва хизматчиёни давлатӣ чорабинии тантанавии муштарак таҳти унвони “Забони миллат - ҳастии миллат” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҷойгоҳи шоиста пайдо кардааст.

Дар идома муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Илҳом Камолзода, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода ва муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар бораи таърихи забони тоҷикӣ ва марҳилаҳои инкофи он сухан гуфтанд.

Сипас муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода ва сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ Ҳасан Бародзода оид ба нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва муаррифии забони модарӣ маъруза намуданд.

Зикр шуд, ки аз соли 2009 инҷониб 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил карда мешавад. Рӯзи забони давлатӣ - рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибистиқлолу соҳибдавлати тоҷик ба шумор меравад.

- Саҳми роҳбарият ва устодону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар тайёр кардани кадрҳои забондони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯи соҳибкасб ва қобилиятнок, аз ҷумла, барои соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ҳамзамон, ташаккули мафкураи насли ҷавон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ назаррас аст, - чунин изҳор дошт Дилноза Аҳмадзода.

Дар интиҳои чорабинӣ роҳбарияти Донишгоҳ бо ифтихономаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.