Гурӯҳҳои кории топографӣ 10,76 км гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд.
Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, то тавсифи минтақаҳои боқимондаро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.
Аз рӯйи натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.