ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Сифати таълим боз ҳам беҳтар мешавад

Кафедраи филологияи англис бо мақсади беҳтар гардонидани сифати таълим ва роҳҳои беҳтари омӯзиши забони англисӣ 15-уми январ семинари омӯзишиеро зери унвони “Усулҳои нави таълими забони англисӣ” баргузор намуд, ки дар он мудир Зубайдулло Мусоямов ва доираи васеи омӯзгорони кафедра ҳузур доштанд.

Зубайдулло Мусоямов дар оғози семинар баромад намуда, иброз дошт, ки барои беҳтар гардидани сифати таълим бояд ҳар омӯзгор кӯшиш кунад, то дарсашро ҷолибтару дақиқтар пешниҳоди донишҷӯн гардонида, дар раванди дарс аз воситаҳои муассир ва аёнӣ васеъ истифода барад.

Мавриди зикр аст, ки дар идомаи семинар аз ҷониби дотсенти кафедра Мунира Имматшоева рӯнамо оиди усулҳои беҳтарини омӯзиши забони англисӣ пешниҳоди омӯзгорони кафедра гардида, онҳоро водор сохт, то дар раванди дарс аз ин омилҳо ба таври васеъ истифода намоянд. Ҳамчунин, дар семинар миёни омӯзгорон бозиҳои шавқовар, ки қобилияти ҳозирҷавобӣ, чолокӣ ва озодона ҳарф задани донишҷӯёнро ифода мекард, гузаронида шуд.