ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Факултети филологияи рус

Вазифа: декани факултет

Ном ва насаб: Джамирова Леммара Иосифовна

Дараҷаи илмӣ: номзади илми филология

Дараҷаи илмӣ: дотсент

Тахасус: омӯзгори забони русӣ

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Факултет дар заминаи Донишкадаи давлатии омӯзгории забон ва адабиёти рус ба номи А.С. Пушкин таъсис ёфта, ҳамчун сохтори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолияти худро бурда истодааст. Факултет фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мондааст.

Вазифаи асосии факултети филологияи рус – тайёр намудани мутахассисон – омӯзгорон ва тарҷумонони соҳибкасб аз забони русӣ, забоншиносонро дар самти фаъолияти ҳуқуқӣ дар зинаҳои бакалавр ва магистратура мебошад. Факултет ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» корро тибқи нақша бурда истодааст.

Ҳоло дар назди факултет 4 кафедра – забони русӣ, забоншиносии умумӣ,  назария ва таърихи адабиёти рус, педагогика ва психология фаъолияти худро бурда истодаанд. Фаъолияти кафедраҳо барои баланд бардоштани сифати таълим, корҳои илмию таҳқиқотӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисодию ичтимоӣ равона карда шудааст. Фонди аудитории факултет аз 14 синфхона иборат буда, 551 ҷойи нишаст дорад. Донишҷӯён дар 2 баст дарс мехонанд.

Дар факултет донишҷӯён аз рӯйи 5 ихтисос таҳсил менамоянд:

1-020302      — Забон ва адабиёти рус;
1-020302-03 — Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ;
1-210601-02 — Забонҳои муосири хориҷӣ (забони русӣ-тарҷума);
1-010202-05   -  Таҳсилоти ибтидоӣ. Забони русӣ;
1-010102-03 — Таҳсилоти томактабӣ. Забони русӣ.

Дар назди факултет Маркази забони русии Фонди «Русский мир» фаъолият менамояд. Бояд қайд кард, ки китобхонаи Марказ китобҳои бадеӣ, илмию методӣ, маводҳои мултимедиявӣ дорад ва донишҷӯёну омӯзгорон аз онҳо истифода мебаранд. Дар назди Марказ курсҳои омӯзиши забони русӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳайати профессорону устодони факултет: 2 нафар доктори илм, 12 нафар номзади илм, беш аз 20 муаллими калон ва 12 ассистент.

Вазифаҳои факултет:

тайёр намудани мутахассисони баландихтисос – омӯзгорон ва тарҷумонони соҳибкасб аз забони русӣ;
гузаронидани таҳқиқоти илмӣ оид ба омӯзиш ва таълими забони русӣ дар шароити ду ва бисёрзабонӣ;
гузаронидани семинар, мизҳои мудаввар ва конференсия доир ба омӯзиш ва таълими забони русӣ;
татбиқи технологияҳои муосири таълим;
тайёр намудани олимони унвон ва дараҷаи илмидошта.

Айни ҳол дар факултети филологияи рус аз рӯйи ихтисосҳо номбаршуда 518 нафар донишҷӯён на танҳо аз ҳисоби аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки аз кишварҳои ҳамсоя – Туркманистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон дар шакли ройгон, пулакӣ ва квотаи президентӣ таҳсил мекунанд.