Вазифа: декани факултет
Ном ва насаб: Мусоямов Зубайдулло Муминшоевич
Дараҷаи илмӣ: номзади илми филология
Дараҷаи илмӣ: дотсент
Тахасус: омӯзгори забони англисӣ
Почтаи электронӣ: zubaidullo@gmail.com
ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ
Факултети забони англисӣ дар пояи факултети забонҳои романию германӣ (қаблан факултети забонҳои хориҷӣ) таъсис ёфтааст. Ихтисосҳои нахустинии факултет забон ва адабиёти рус бо иловаи забони англисӣ ва забон ва адабиёти рус бо иловаи забони олмонӣ ба шумор мераванд, ки соли 1992 таъсис дода шуданд. Соли 1993 ихисоси забони англисӣ (тарҷумон) таъсис дода шуд. Аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ ва тарҷумонии забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ донишҷӯён то соли 2019 таҳсил мекарданд.
Аз моҳи августи соли 2019 факултет забони англисӣ номгузорӣ шуда, дар он донишҷӯён аз рӯйи 7 ихтисоси омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ дар асоси шартнома, ройгон ва тариқи квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Ихтисосҳо дар факултет
1. Тањсилоти ибтидої. Забони англисї
2. Тањсилоти томактабї. Забони англисї
3. Забони хориљї (забони англисї)
4. Забони англисї. Технологияи (хизматрасонї)
5. Забонҳои муосри хориҷӣ (тарљума забони англисӣ)
6. Тарҷумаи бадеӣ. Забони англисӣ
7. Таъминоти забонии фаъолияти ҳуқуқ англисӣ-русӣ
Деканҳои факултет - А.Самадов, Ф. М.Турсунов, Х. А.Астанова, С. К.Атоев, С.Ҷ.Камолова, М.Х.Ҳоҷиева, И. Б.Эмомов, К.Гадоев, Қ.Фатҳуллоев ва М.Дуллоев. Ҳоло ин вазифа бар дӯши З.Мусоямов мебошад.
Факултети забони англисӣ барои довталабону донишҷӯён, магистрону докторантон (аз рӯи ихтисос (PhD)) омӯзиши забони англисиро дар ду равия пешниҳод менамояд: омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ. Яъне, тайёр кардани мутахассисони касбии забони англисӣ дар самти омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ амалӣ мегардад.
Тадриси фанҳои таълимӣ аз ҷониби устодони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ, сертификатҳои байналмилалӣ, баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ-фарҳангӣ, ташкили клубҳо ва маҳфилҳо бо забони англисӣ ҳаёти донишҷӯёнро рангоранг хоҳад кард.
Дар назди факултет марказҳо ва синфхонаҳои мултимедӣ бо таҷҳизотзои муосир таъмин ба донишҷӯён имконият медиҳанд, ки доираи донишҳои худро васеъ намоянд. Донишҷӯён метавонанд дар марказҳои факултет, ки ба ду самт (омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ) нигаронида шудаанд, мустақилона кор кунанд ё дар маҳфилҳои илмӣ иштирок намоянд.
Дар назди факултет 3 кафедра амал менамояд: филологияи англис, забоншиносии муқоисавӣ ва назарияи тарҷума ва методикаи таълим.
Дар назди кафедраи филологияи англис се марказ “Маркази рушди забони англисӣ”, “Маркази омодакунии имтиҳонии TOEFL” ва “Маркази тестии Cambridge” фаъолият менамояд. Дар Маркази рушди забони англисӣ тамоми чорабиниҳои кафедра дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Маркази рушди забони англисӣ 18-уми апрели соли 2019 ба фаъолият шурӯъ намудааст, ки аз оғози фаъолияти то имрӯз зиёда аз 3000 китоб дар шакли чопӣ ва 2000 нусха китобҳои электронӣ дар шакли PDF ҷамъоварӣ шудааст. Ғайр аз ин дар маркази рушди забони англисӣ маҳфилҳои гуногун тибқи нақша фаъолият менамоянд, ки роҳбарии онҳоро муаллими калони кафедра Саидова Д. ба зимма дорад. Тибқи нақшаи тартибдодашуда дар марказ маҳфилҳо аз қабили “Discussion club”, “Debate club”, “Listen and speak”, “Watch and speak” ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе гузаронида мешаванд. “Маркази омодакунии имтиҳонии TOEFL” ва “Маркази тестии Cambridge” санаи 12.11.2021 бо иштироки бевоситаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтааст.
Моҳи октябри соли 2021 дар назди кафедраи забоншиносии муқоисавӣ ва назарияи тарҷума “Маркази тарҷума ва тарљумаи њамзамон” бо тамоми таҷҳизот барои баланд бардоштани сифати таълим ва малакаи тарҷумаи донишҷӯён ифтитоњ гардид. Ин марказ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ барои фаъолияти тарҷума муҷаҳҳаз буда, дар он кабина барои гузаронидани тарљумаи синхронї гузошта шудааст, ки барои тарҷумаи ҳамзамон ва пайдарпай сањми арзанда хоњад гузошт.
Инчунин, дар назди кафедраи методика “Маркази рушди маҳорати методӣ” амал мекунад, ки дарсҳои омӯзгорони кафедра дар ин марказ бо усулҳо ва технологияҳои муосир гузаронида мешаванд. Марказ зикршуда бо техника ва технологияҳои муосир муҷаҳаз мебошад.