ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ

Аввалин маротиба кафедра ҳамчун кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ фаолияти худро солҳои 80-уми асри ХХ оғоз намуда буд. Нахустин мудири кафедра номзади илмҳои таърих, дотсент Дуднев А.П. (солҳои 1980-1985) буд. Дар давоми ин солҳо кафедра таъғири ном намуда, номи кафедраи «Асосҳои марксисм-ленинзм»-ро низ гирифтааст. Соли 1985 кафедраҳои «Коммунизми илмӣ ва фалсафа» якҷоя карда шуда, мудирии онро солҳои 1986-1990 дотсент Тағоев М. ба уҳда дошт. Дотсентон Николаев К.А. ва Богданов И.Е. солҳои 1990-1993 вазифаи мудирии кафедраро иҷро намуда буданд. Солҳои 1993-2004 кафедра бо номи «Фалсафа ва таъриху назарияи иқтисод» амал намуда, ба он дотсент Ҷалилов Ш.Р., саромӯзгор Чоршанбиев Н., дотсент Скоробогатов И.М. ва профессор Зиеёв Х.М. сарварӣ намудаанд. Устодони кафедраи мазкур дар рушди раванди таълим ва тарбияи Донишгоҳ саҳмгузорӣ намудаанд.

Аз соли 2004 кафедраҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ ва таъриху назарияи иқтисод аз нав ҷудо гашта, ба таври мустақил фаъолият менамоянд. Тайи солҳои 2004-2011 зери роҳбарии Базарова С.Ш., Муродова Н.С. ва Тураева З.Ю. кафедра фаъолият худро боз ҳам муташаккилона инкишоф дод. Дар ин давра дар кафедра сафи олимон афзуд Муродова Н.С., Тураева З.Ю, Карамхудоев Ш.Х. рисолаҳои номзадии худро ва Базарова С.Ш. ва Зиеёв Х.М. рисолаҳои доктории худро ҳимоя намуданд.

Аз соли 2012 то 2015 мудирии кафедраи мазкурро номзади илми фалсафа, дотсент Карамхудоев Ш.Х., ба уҳда дошт.

Аз январи соли 2016 то сентябри 2016 мудирии кафедраи мазкурро номзади илмҳои сиёсӣ Сафаров Л. Роҳбарӣ намудааст.

Аз ноябри соли 2016 то ҳол мудирии кафедраро номзади илмҳои фалсафа, дотсент Маҷидов Д.Ҳ. ба зима дорад.

Дар кафедра дар соли таҳсили 2022-2023, 22 нафар омӯзгорон фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин шумора, 1 нафар доктори илм (Карамхудоев Ш.Х.), 5 нафар номзади илм (Маҷидов Д.Ҳ., Сулаймонов Б.С., Миракзода Ф.Ю., Шарифзода Л.Ш. ва Камолова Х.Қ.,) 1 нафор доктир (PhD) аз рӯйи ихтисос (Қобилов М.З.), 6 нафар муаллими калон (Бобоев К., Азизмуродов М.Р., Салимов А.И., Сайфуддинова М.У., Мирова Н.Р. ва Шарипов А.И.), 7 нафар ассистент (Забиров О.Э., Муродова Н.Ш., Махсудов А., Раҳмонова Б., Шарипов И.С., Юсуфзода А.Н. ва Ибромҷони Х.) ва 1 нафар лаборант (Орифова З.Ҳ.) мебошанд.

Кормандони тасвибии кафедра 13 нафар буда аз ин шумора 1 нафар доктори илм (Карамхудоев Ш.Х.), 3 нафар номзади илм (Маҷидов Д.Ҳ., Сулаймонов Б.С., Бобоев К.), 4 нафар муаллими калон (Азизмуродов М.Р., Салимов А.И., Шарипов А.И. ва Мирова Н.Р.) 5 нафар ассистент (Забиров О.Э., Махсудов А.Д., Раҳмонова Б., Шарипов И.С., Ибромҷони Х) мебошанд.

Мавзуи пажӯҳишии кафедра: “Таълимоти фалсафӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мутафаккирони тоҷик ва аҳамияти он дар муҳити ҷомеаи имрӯз” унвон дошта, омӯзгорони кафедра бештар дар ин самт фаъолияти илмии хешро ба роҳ мондаанд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедра бо истифода аз технологияҳои муосири таълимӣ аз рӯи беш аз 20 фанни таълимӣ ба шогирдон дарс мегӯянд.

Дар кафедра як мавзуи илмӣ-таҳқиқотии буҷҷавӣ зери унвони “Масъалаи ифротгароии динӣ: хусусиятҳои зуҳурот дар Тоҷикистон ва роҳҳои мубориза бар зидди он”, ки барои солҳои 2022-2025 мавҷуд буда, ҷиҳати татбиқи он ҳайати профессорону дотсентони кафедра Карамхудоев Ш.Х., Миракзода Ф.Ю., Маҷидов Д.Ҳ., Қобилов М.З. ва Азизмуродов М.Р. сафарбар гардидаанд.