Ҳасанова Шаҳло Раҳмоновна
Дараҷа: номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Вазифа: декани факултети забонҳои Осиё
Маълумот: олӣ
Тахассус (касб): забоншинос (забони русӣ)
Собиқаи умумии корӣ: 25 сол
Собиқаи корӣ аз рўйи ихтисос: 25 сол
Рақами телефони корӣ: +992 904156317
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Факултети забонҳои Осиё дар заминаи баъзе ихтисосҳои собиқ факултети забонҳои хориҷӣ ва филологияи рус бо қарори Шурои олимони Донишгоҳ аз 12.09.2005 таҳти №1 таъсис ёфтааст. Факултети мазкур бо назардошти ба вуљуд омадани таѓйирот дар сохтори муассиса бо ќарори Шурои олимон аз 28.06.2019 таҳти №11/6-1 аз факултети забонҳои Шарқ ба факултети забонҳои Осиё табдили ном кард. Дар факултет донишҷӯён аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ ва тарҷумонӣ дар асоси шартнома, ройгон ва тариқи квотаи президентӣ дар зинаи бакалавр ва магистр ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Донишљўён дар ин ҷо аз рўйи њафт ихтисос :
- забони муосири хориљї: забоншинос, тарљумон (забони куриёї);
- забони муосири хориљї: забоншинос, тарљумон (забони љопонї);
- забони муосири хориљї: забоншинос, тарљумон (забони хитойї);
- забони хитойї-информатика (омўзгор);
- забону кишваршиносї: мутахассиси корњои байналмилалї, тарљумон-референти забонњои њиндї-англисї;
- забон ва адабиёти хориљї: арабї-англисї: тарљумон;
- забон ва адабиёти хориљї: форсї-англисї: тарљумон
ва шаш забон (арабї, форсї, чинї, куриёї, љопонї ва њиндї) тањсил менамоянд.
Деканҳои факултет: Исрофилов Шарифмурод Раҳимович (2005-2006), Мирзоева Маҳина Меликовна (2006-2008), Восиева Рухшона Қурбоновна (2008-2010), Маҳмадҷонов Олимҷон Обидҷонович (2011-2013), Саидов Аҳмадшоҳ (2013-2015), Қаюмов Абдулмаъин Ҷуъмахонович (2015-2020), Ғафуров Зоир Саъдуллоевич (2020-2022), Мирзозода Мақсадҷони Достӣ (2022-2023). Ҳоло вазифаи мазкурро Ҳасанова Шаҳло Раҳмоновна бар уҳда дорад.
Ба факултети забонњои Осиё 4 кафедра: кафедраи филологияи Шарқи Наздик, кафедраи тарҷумонии забонҳои Шарқ, кафедраи омӯзгории забонҳои Шарқ ва кафедраи информатика шомил мешаванд. Зарфияти кадрии факултет 42 нафар, аз љумла: 1 нафар профессор, 5 нафар дотсент, 2 нафар номзади илм, 9 нафар муаллими калон, 22 нафар ассистент, 1 нафар коргузори факултет ва 2 нафарро лаборант ташкил медињанд. Дар баробари ин, омўзгорони соњибзабон аз кишварњои Чин, Куриё, Љопон ва Њиндустон нозукињои забонро ба донишљўён меомўзонанд.