ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Забони русӣ

Кафедраи забони русӣ моҳи августи соли 1980 бо ташкилшавии Донишкадаи забон ва адабиети руси ба номи А.С.Пушкин ва факултети забон ва адабиёти рус таъсис ёфтааст. Дар тӯли фаълият кафедра якчанд маротиба тағйири ном кардааст.

Аз соли 2011 кафедраи мазкур ба 2 кафедра ҷудо шуда, кафедраи русиро ном гирифт.

Аз соли 2017 кафедраи мазкур ва кафедраи забоншиносии муқоисавӣ якҷо шуда, кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии муқоисавиро  ном гирифт.

Кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии муқоисавӣ соли 2019 дар натиҷаи якҷояшавии 2 кафедраи факултети филологияи рус ташкил шудааст. Зарурияти чунин якҷояшавӣ вобаста ба тағйир ёфтани сохтори Донишгоҳ ва ихтисори умумии шумораи донишҷӯёни дар Донишгоҳ таҳсилкунанда сурат гирифт.

      Аз соли 2021 кафедраи мазкур ба 2 кафедра ҷудо шуда, кафедраи русиро ном гирифт.

   Самтҳои пажӯҳишии кафедраи забони русӣ аз инҳо иборатанд:

- баррасии масъалаҳои муҳимми омӯзиши забони русӣ дар шароити кунунӣ;

- омӯзиши масъалаҳои мубрами омӯзиши забони русӣ дар асоси технологияи муосири илмҳои филологӣ;

- омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони байналмиллалӣ;

- баррасии самтҳои нави забоншиносии рус.

Айни ҳол дар кафедра 20 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, 1 нафар доктори илм, 4 нафар номзади илм, дотсент, 9 нафар муаллими калон ва 6 нафар ассистент фаъолият намуда истодаанд.

Дар кафедра фанҳои зерин тадрис дода мешаванд:

1.     Забони русӣ;

2.     Амалияи  нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ забони русӣ;

3.      Имлои забони русӣ;

4.     Грамматикаи забони русӣ;

5.     Фонетикаи амалии забони русӣ;

6.     Қоидаҳои забони русӣ;

7.     Курси маҳсуси забони русӣ;

 Ҳусни баён.