ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ

 Кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ то соли 2005 дар тобеияти кафедраи фалсафа ва баъдан ҳамчун кафедраи таърих ва назарияи иқтисод фаъолият намудааст. Бо қарори Шурои олимони Донишгоҳ аз 30-юми августи соли 2017 он номи таърих ва робитаҳои байнифарҳангиро гирифт ва то ҳол таҳти ҳамин унвон фаъолият менамояд.

Кафедраро аз рӯзи таъсисёбиаш то ҳол омӯзгорони пуртаҷрибаву кордон ба монанди Ҷалилов Ш.Р., Бӯстонова Н.Ҷ., Икромов Ғ.Х., Қаноатова Г.И, Азимзода Н.Б, Аслонов Ҳ.З. ва Раҷабов С.М. роҳбарӣ намудаанд. Айни ҳол, ин вазифаро доктор (PhD) дар самти муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Қобилов Муҳаббатшо Замирович ба уҳда дорад. 

Баъд аз таъсисёбии факултети забонҳои Аврупо кафедраи номбурда дар сохтори факултети мазкур ворид гардид.   

Айни ҳол дар кафедра 18 нафар омӯзгор фаъолият менамоянд. Аз инҳо: як нафар профессор, 7 нафар дотсент, 4 нафар муаллими калон ва 3 нафар ассистент мебошад.  

Дар кафедра ду маҳфили илмии донишҷӯён – «Сомониён» ва «Мубориза бар зидди коррупсия» амал менамоянд. 

Омӯзгорони унвондори кафедра мунтазам ҳамчун кафедраи муассисаи пешбар аз рӯйи ихтисосҳои 07.00.02 – Таърихи ватанӣ, 07.00.15 – Таърихи робитаҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ, 07.00.03 – Таърих (Таърихи нав ва навтарин) ба рисолаҳои магистрӣ ва номзадӣ тақризҳо менависанд. 

Фанҳои аз ҷониби кафедра тадрисшаванда таърихи халқи тоҷик, таърихи наву навтарини ҷаҳон, таърихи кишварҳои Аврупо, муносибатҳои байналмилалӣ, минтақашиносӣ, менеҷменти туризм, маркетинги туризм, низоъшиносӣ, сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ғайра маҳсуб меёбанд.

Донишҷӯёни ихтисоси таъминоти забони робитаҳои байнифарҳангӣ бештар ба кафедраи мазкур вобаста буда, корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро зери роҳбарии устодони кафедра анҷом медиҳанд.

Омӯзгорони кафедра дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти донишҷӯён, аз худ намудани илмҳои замонавӣ ва муосир саҳми калон мегузоранд.