ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Савол ва ҷавоб

ҶАВОБ:
Тибқи банди 5-и Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили 2019-2020 “Барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷие, ки дорои диплом дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошанд (пас аз эътирофи баробарарзишии дипломи онҳо), қабул карда мешаванд.
ҶАВОБ:
Тибқи банди 5-и “Қоидаҳои қабул ба магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳангоми қабул ба магистратура мувофиқати соҳаи таҳсилот, самт (равия)-и таҳсилот ва гурӯҳи ихтисосҳои бакалавриат ва мутахассис, ки довталаб аз рӯйи онҳо диплом дорад, ба ихтисоси зинаи магистратура тибқи «Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007, №349 тасдиқ шудааст, муқаррар карда мешавад. Қабул ба магистратура аз рӯйи ихтисосе, ки берун аз самт ва равияияи таҳсилоти хатмкардаи довталаб (ё соҳаи ба он наздик, каробатдошта) мебошад, қатъиян манъ аст.
ҶАВОБ:
Айни замон дар зинаи магистратураи донишкада таҳсил аз рӯйи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
1. Забон ва адабиёти рус ( омӯзгор) 1- 020302;
2. Забон ва адабиёти тоҷик ( омӯзгор) 1- 020301;
3. Забони англисӣ ( омӯзгор) 1-210502-08;
4. Забони олмонӣ ( омӯзгор) 1-230103;
5. Забони хитоӣ ( тарҷумон) 21060102.

Дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос ( PhD) бошад, таҳсил аз рӯйи ихтисосҳои зерин амал мекунад:
1. Забон ва адабиёти тоҷик 6D020500;
2. Забоншиносӣ (забоншиносии қиёсӣ- таърихӣ, типологӣ ва муқоисавӣ) 6D011300;
3. Забон ва адабиёти тоҷик (Назария ва методикаи таълими забони тоҷикӣ; Назария ва методикаи таълими адабиёти тоҷик) 6D011700;
4. Забон ва адабиёти рус ( Назария ва методикаи таълими забони русӣ; Назария ва методикаи таълими адабиёти рус;) 6D011800;
5. Забони хориҷӣ (Назария ва методикаи таълими ду забони хориҷӣ) 6D011900.
ҶАВОБ:
Тибқи банди 11-и “Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барқароршавии донишҷӯёне, ки дар курси якум аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хориҷ шудаанд ё аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар ва дар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз як ихтисос ба ихтисоси дигар ё аз як шакли таҳсил ба шакли дигари таҳсил интиқол меёбанд, баъд аз даври академии якум бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
ҶАВОБ:
Тибқи банди 11-и “Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” интиқоли донишҷӯён аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар ва дар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз як ихтисос ба ихтисоси дигар ё аз як шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ба шакли дигар бо дарназардошти иҷрои талаботи барномаҳои таълимӣ ва мавҷудияти фарқият аз рӯи нақшаи таълимӣ дар ҳаҷми то 18 кредит ба курси мувофиқ ба роҳ монда мешаванд. Дар чунин ҳолат дар шакли ройгон ва пулакӣ таҳсил намудани донишҷӯёнро муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян мекунад.
ҶАВОБ:
Тибқи банди 98-и “Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зарурати дар триместр таҳсил намудани донишҷӯ дар асоси ҷой доштани ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
-дар як даври академӣ (ҷамъбасти давраи асосии сессияи имтиҳонӣ) на зиёда аз ду фанҳои ҳатмӣ баҳои F (ғайриқаноатбахш) гирифтан;
-ҳангоми аз 25 хол паст будани натиҷаи рейтингҳои 1,2 ва дар ҳамин асос барои супоридани имтиҳони ниҳоӣ иҷозат нагирифтан;
-насупоридани имтиҳонҳо дар муҳлати як моҳе, ки тибқи банди 92-и Низомномаи мазкур муқаррар карда шудааст;
-паст будани натиҷаи холи умумии миёнаи бадастоварда (GPA)-и донишҷӯён нисбат ба холи умумии миёна (GPA)-и дар банди 56-и Низомномаи мазкур вобаста ба курсҳо муқарраршуда;
-ба таври системанок (зиёда аз 25%) ба дарсшиканӣ роҳ додан дар машғулиятҳои дарсии ин ё он фанни таълимӣ.
ҶАВОБ:
Тибқи банди 21-и “Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” интиқоли донишҷӯён аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси баробарарзиш (нострификатсия) намудани маълумотномаи академӣ (ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба таҳсилот) ба роҳ монда мешавад.
ҶАВОБ:
Таҳсили донишҷӯён дар зинаи бакалавриат аз рӯйи ихтисосҳои ҳамгиро (ду ихтисос) тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар муҳлати 5 сол амалӣ карда мешавад
ҶАВОБ:
Тибқи бандҳои 33, 34, 35 ва 36-и “Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” интиқоли донишҷӯён аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар ба роҳ монда мешавад.