Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАСТУРАМАЛИ ЛИБОСҲОИ ТАВСИЯВӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ
МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДУШАНБЕ МАОРИФ 2017 ББК-83.3 (0) 9+83,3 (2 тоҷик)
И-65. Мураттибон Ҷ. Амиров, Н. Ширинов.
Дастурамали либосҳои тавсияви барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф ва илм, оид ба таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ татбиқ намуда, бо мақсади ба низом даровардани раванди тарбияи ахлоқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия кардааст.
Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи моддаи 2 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумита ва мақомоти давлатӣ бо мақсади иҷрои талаботи он дар доираи салоҳияташон асноди меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои гражданиро нашр ва дар шакли фармоишу қарор қабул намоянд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳамчун мақоми ваколатдори дав- латӣ дар соҳаи маориф дар асоси низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, оиннома, дастурамал ва қоидаҳои намунавӣ, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии дахлдорро танзим менамоянд, ваколати тасдиқи санадҳои соҳавиро дорад.
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модар уҳдадоранд, ки риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фар- занд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд. Тибқи банди 94 «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2016, №237 тасдиқ карда шудааст, маъму- рияти муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон уҳдадоранд, ки дар ҳолатҳои аз ҷониби хонандагон халалдор шудани тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ, ба дарсҳо бе тайёрӣ омадан ва напӯшидани сарулибоси тавсиявӣ, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-ро сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд.
Дар ҳамин замина, «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуда, барои татбиқ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корбарӣ пешниҳод карда мешавад.