1.Насаб, ном номи падар: Усмонова Мунаввара Холиқовна
2. Вазифа: мудири кафедра
3. Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент
4. Рақами телефон: 918688385
5. Суроғаи электронӣ: munavvarakhalikovna@mail.ru
Аз рӯзи оғози таъсисёбии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода кафедраи забони тоҷикӣ ба таври мустақил вуҷуд надошт. Он аввал дар доираи кафедраи забони русӣ, сипас дар кафедраи забоншиносии умумӣ (мудиронаш мутаносибан: Абдуллоева Муяссара Абдулҳакимовна ва Панасюк Алексей Трофимович) амал мекард. Танҳо моҳи майи соли 1989-ум кафедра ба таври расмӣ таҳти унвони «Филологияи тоҷик» таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ намуд. Нахустин роҳбари кафедра дотсент А. Самадов таъин мешавад. Он солҳо, ки Донишгоҳ, асосан, муаллимони забон ва адабиёти русро барои мактабҳои миллӣ тайёр мекард, тамоми қувваю воситаҳо бештар ба омӯзиши забони русӣ сафарбар гардида, таълими ҳамаи фанҳо тавассути забони русӣ сурат мегирифт. Дар Донишгоҳ намояндагони миллатҳои гуногун, аз қабили тоҷику узбек, озариву арманӣ, қазоқу гурҷӣ, тотору осетин, русу украин ва амсоли инҳо таҳсил мекарданд. Ба зиммаи кафедраи филологияи тоҷик, асосан таълими фанҳои забони тоҷикӣ, алифбои ниёгон, таърихи забони тоҷикӣ гузошта шуда буд. Лозим буд, ки мутахассисони варзидае, ки ҳам забони тоҷикӣ ва ҳам забони русиро медонанд, ба кор ҷалб карда шаванд. Ҳамин тариқ, ба кафедра кадрҳои ҷавони болаёқат ба мисли М. Усмонов, Х. Раҳматуллоев, Д. Турсунзода, К. Асоев, С. Хайриддинов, К. Назаров ва дигарон даъват карда шуданд.
Инчунин, барои беҳтар намудани фаъолияти кафедра устодони варзида аз дигар муассисаҳои илмӣ-таълимӣ ба монанди В. Капранов-доктори илм, Л. Демидчик-доктори илм, Д. Обидов-доктори илм, З. Ҳасанова-номзади илм, Х. Рауфов-номзади илм, К. Хоҷаев-дотсент ва дигарон ҷалб карда мешаванд. Бо назардошти вижагиҳои Донишгоҳ аз тарафи устодон нақша, барномаҳои таълимӣ ва корӣ мураттаб гардидаанд. Бо қарори Шурои олимон дар кафедра курси омӯзиши забони тоҷикӣ барои ҳаводорону хоҳишмандон созмон дода шуд, ки дар он устодон ва кормандони на танҳо Донишгоҳ, балки кормандон аз муассисаҳо ва корхонаҳои дигари давлатӣ иштирок мекарданд. Ҳамчунин, дар кафедра маҳфилҳои илмии донишҷӯён, аз қабили «Тарҷумони ҷавон» ва «Забони тоҷикӣ меомӯзем» амал мекарданд, ки чанде аз натиҷаи кори онҳо дар рӯзномаҳои расмӣ чоп шуда буд. Имрӯзҳо ин маҳфил бо номи «Забоншинос» амал мекунад. Соли 2006-ум кафедраи филологияи тоҷик ба ду кафедраи мустақил–кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи адабиёти тоҷик ҷудо карда шуд, ки ба кафедраи забони тоҷикӣ профессор О. Муҳаммадҷонзода мудир таъин гардид. Аз соли 2008-ум то соли 2010-ум вазифаи мудири кафедраро профессор Ш. Исмоилов ба уҳда гирифт. Аз соли 2010-ум то соли 2013-ум ба кафедра дотсент С. Матробов роҳбарӣ кард.
Аз октябри соли 2014-ум то охири соли таҳсили 2014-2015 кафедраҳои забони тоҷикӣ ва назария ва таърихи адабиёти тоҷик як шуд, ки номи он кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва мудирии онро номзади илми филология, дотсент Хосият Олимӣ ба уҳда дошт.
Аз моҳи июни соли 2015-ум кафедраҳо аз нав ҷудо карда шуданд. Номи кафедраҳо тағйир дода шуданд ва кафедраи забони тоҷикӣ чунин номро касб намуд: забони тоҷикӣ ва назарияи забоншиносиро гирифт. Мудири он доктори илмҳои филология, профессор Шамсулло Исмоилов таъин гардид ва то сентябри соли 2016-ум онро ба уҳда дошт.
Аз моҳи сентябри соли 2016-ум мудири кафедраи мазкур номзади илми филология, дотсент Ҷабборова Шарофат Сафаралиевна таъин гардид. Ба кафедраи забони тоҷикӣ ва назарияи забоншиносӣ соли таҳсили 2018-2019 кафедраҳои забонҳои романию германӣ ва забони русӣ муттаҳид карда шуд, ки дар натиҷа кафедра назария ва амалияи забоншиносӣ ном гузошта шуд ва роҳбарии он ба уҳдаи Наврасов Абдурауф вогузор гардид.
Аз оғози соли таҳсили 2019-2020-ум кафедраҳо дигарбора ҷудо карда шуданд ва кафедра номи забони тоҷикӣ ва таъмини иттилоотии идораро гирифт. Роҳбарии кафедра боз ба дӯши номзади илми филология, дотсент Ш. Ҷабборова гузошта шуд. Аз 25-уми декабри соли 2019-ум иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра номзади илми филология Аброров Саидумар таъйин гардид.
Аз моҳи январи соли 2021 номзади илми филология Усмонова Мунаввара Холиқовна иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забони тоҷикӣ таъин гардид. То ин дам вазифаи мудири кафедраи забони тоҷикиро номзади илми филология, дотсент Усмонова Мунаввара Холиқовна ба уҳда дорад.
ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОН ВА ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА
№ |
Ному насаб |
Вазифа |
1 |
Усмонова Мунаввара |
мудири кафедра.н.и.ф.,дотсент |
2 |
Абдуллоева Гулрухсор |
н.и.ф.,дотсент |
3 |
Бахтибекова Дилангез |
ассистент |
4 |
Гулназарзода Жило |
д.и.ф., профессор |
5 |
Ғуломалиева Рузафзун |
муаллими калон |
6 |
Давлатов Ифтихор |
ассистент |
7 |
Давлатшоева Мавҷигул |
ассистент |
8 |
Исмоилзода Хурсандой |
ассистент |
9 |
Каримов Абдукарим |
ассистент |
10 |
Мамадаминова Замира |
н.и.ф., муаллими калон |
11 |
Матробиён Саодатшоҳ |
н.и.ф., дотсент |
12 |
Муҳаммадшарифи Зариф |
ассистент |
13 |
Муҳаммадҷонзода Олимҷон |
д.и.ф., профессор |
14 |
Муслимзода Ҳайдар |
н.и.ф.,дотсент |
15 |
Насруллоев Муҳаммад |
н.и.ф.,дотсент |
16 |
Раҷабова Санифа |
муаллими калон |
17 |
Сатторова Дилрабо |
муаллими калон |
18 |
Сафарова Гулчеҳра |
н.и.ф, муаллими калон |
19 |
Тоҷиддинзода Парвина |
ассистент |
20 |
Тоирзода Абдусалом |
ассистент |
21 |
Фатҳуллоев Қутбиддин |
муаллими калон |
22 |
Холов Фарҳод |
муаллими калон |
23 |
Ҷабборова Шарофат |
н.и.ф.,дотсент. |
24 |
Шафоати Сангиҳмад |
ассистент |
25 |
Шосаидов Акбаршо |
муаллими калон |
26 |
Шукурова Шоира |
ассистент |
27 |
Юсупова Бибиҷон |
муаллими калон |
28 |
Яқубова Бибиҷон |
муаллими калон |