Кафедраи забонҳои романӣ-германӣ соли 1993 дар назди факултети забонҳои хориҷӣ (ҳозира факултети забонҳои Аврупо) таъсис ёфта, ҳамчун кафедраи мустақил ба фаъолият шуруъ кард.
Тӯли фаъолияти худ кафедра мутахассисони соҳаи тарҷумонӣ, омӯзгорӣ ва минтақашиносии забонҳои олмонӣ ва фаронсавиро омода месозад, ки ба донишҷӯён устодони собиқадори пуртаҷриба дарс мегӯянд.
Боиси зикр аст, ки аз солҳои 2011 то 2013 вазифаи мудири кафедраи мазкурро Бобоёрова Лутфия Холиковна - номзади илмҳои филологӣ ба зимма дошт ва дар баробари ин, ба ҳайси мудири кафедра муддатҳои зиёд устодон Қурбонов Т., Маликов Б., Бердов Д., Абдолов Н., Мақсудов А., Дуллоев М., Бобоалиева З.П., Камолова Б.Б. фаъолият намудаанд.
Аз соли 2022 то инҷониб вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назирқулов Тағаймурод Абдурасулович ба ӯҳда дорад.
Айни замон, дар кафедра 22 нафар омӯзгорони соҳибтаҷрибаву дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 19 нафар омӯзгорони доимӣ, аз ҷумла 5 нафар дорои дараҷа ва унвони илмӣ, 3 нафар муаллимони калон, 11 нафар ассистентон ва 3 нафар ҳамкор мебошанд.
Устодони кафедра асосан дар ду самт: забоншиносӣ, забоншиносии муқоисавӣ ва таҳияву нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ барои донишҷуён машғул мебошанд.
Солҳои охир омӯзгорону донишҷӯёни шуъба ба тарҷумаи осори бадеӣ ва масъалаҳои илмии тарҷума ва тарҷумашиносӣ низ сарукор доранд ва ҳамасола омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни донандаи забонҳои фаронсавӣ ва олмонӣ дар давлатҳои Олмон ва Фаронса ва дигар давлатҳои хориҷа дониши худро сайқал дода, аз курси такмили ихтисос мегузаранд.
Фанҳои асосии омӯхташавандаи назди кафедра инҳо мебошанд: амалияи нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Гид-тарҷумон (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Грамматикаи амалӣ (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Грамматикаи назариявӣ (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Забонҳои хориҷӣ (забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ); Кишваршиносӣ (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Курси амалияи тарҷума (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Лексикология (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Маданияти нутқ (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Матнҳои адабӣ (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Назарияи тарҷума (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Талафуз ва техникаи нутқ (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Тарҷумаи матнҳои сиёсӣ (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Тафсири фарҳанги луғавии дузабона (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Таҳлили грамматикии матн (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Таърихи забон (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Таъсири мутақобилаи забонҳо (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Услубшиносӣ (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Фонетикаи амалӣ(забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Фонетикаи назариявӣ (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Шарҳи матн (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Шевашиносӣ (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ); Тарҷумаи расмӣ-коргузорӣ (забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ).
Самти дигари фаъолияти омӯзгорони кафедра дар баробари корҳои таълимӣ ва илмӣ фаъолияти тарбиявии онҳо бо донишҷӯён мебошад. Омӯзгорон дар баробари он ки мунтазам дар гурӯҳҳо дарсҳои тарбивӣ мегузаранд ва дар тамоми чорабиниҳои сиёсию фарҳангии Донишгоҳ ва буруна аз донишгоҳ низ фаъолона ширкат меварзанд, ҳамчунин, дар алоҳидагӣ бахшида ба санаҳои муҳим чорабиниҳои фарҳангӣ, хусусан чорабиниҳои фарҳангии тарғибкунандаи дӯстии Тоҷикистону Фаронса ва маҳфили дӯстии Тоҷикистону Олмон баргузор менамоянд.
Дар кафедраи забонҳои романӣ-германӣ маҳфил бо номи «Дӯстдорони забони фаронсавӣ» фаъолият менамояд, ки мутасаддии он ассистенти кафедра Раҷабалиева Максуда мебошад. Ҳар моҳ тибқи нақша бо роҳбарии ӯ дар бораи мавзӯъҳои гуногун маҳфил ороста мешавад. Ба ғайр аз ин, бахшида ба «Соли ҷавонон» , Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар якҷоягӣ бо маҳфили «Дӯстдорони забони фаронсавӣ» ҷамъомадҳои идона баргузор мегардад.
Аз рӯйи нақшаи солонаи кори маҳфили донишҷӯён дар шуъбаҳои забонҳои олмонӣ («Дӯстдорони забони немисӣ»), англисӣ («Пайравони Виллиам Шекспир») ва фаронсавӣ («Дӯстдорони забони фаронсавӣ») ҳар моҳ як маротиба бо роҳбарии Раҷабалиева М., Ибодуллоев Б., маҳфили забони хориҷӣ баргузор мешавад, ки дар ин маҳфилҳо донишҷӯён дар мавзуъҳои гуногун баромад мекунанд.
Ҳамасола ба шуъбаи забони франсавӣ ва олмонӣ даҳҳо нафар донишҷӯён дохил шуда, таърих ва фарҳанги забонҳои франсавӣ ва олмониро меомӯзанд ва пас аз хатми донишгоҳ ба тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба кор сафарбар карда мешаванд. Ҳамчунин, ҳар сол тариқи озмун шогирдони беҳтарин барои такмили забон ба Фаронса ва Олмон фиристода мешаванд