ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзӣ

 1.Насаб, ном ва номи падар Султонҳайдаров Нуриддин Хонқулиевич

 2. Вазифа: мудири кафедра

 3. Дараҷа ва унвони илмӣ: н.и.п. дотсент

 4. Рақами телефони мобилӣ: (+992) 501 777 268

 5. Суроғаи электронӣ www.salomnuriddin78@mail.ru

Кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзӣ моҳи сентябри соли 2007 дар сохтори ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода таъсис дода шуд. Аз ибтидои таъсисёбӣ то соли 2013 вазифаи мудири кафедраи мазкурро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мавлоназаров Салмоншо Султоназарович бар уҳда дошт.

Бо назардошти таҷдиди сохтори донишгоҳ аз моҳи августи соли 2019 кафедраи информатика ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба кафедраи “Информатика ва фанҳои табиӣ-риёзӣ” тағйири ном карда шуд. 

Айни замон дар кафедра омӯзгорон аз рӯи барномаҳои таълимии фанҳои барномасозӣ, WEB-дизайн, забоншиносии компютерӣ,  технологияи информатсионӣ, математика, ташаккули тассавуротҳои математикӣ, физиологияи синнусоли ва гигенаи мактабӣ, экология, табиатшиносӣ, консепсияи табиатшиносии муосир, назарияи иқтисодӣ, географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографияи он фаъолият доранд. 

Ҳадаф ва вазифаҳои кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, пеш аз ҳама татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва  рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ ба шумор меравад.

Кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзӣ фаъолияти худро дар се самт: таълим, илм ва тарбия ба роҳ мондааст.

Самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ: Нақши технологияи иттилооти коммуникатсионӣ дар тадриси рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ.